ВидеоМуҳоҷиронТиб ва беҳдошт/Муҳити зистЧеҳраҳо

ПУТИН ТАБИБИ ТОҶИК СУРАЙЁ АБДУЛЛОЕВАРО БО ОРДЕНИ ПИРОГОВ САРФАРОЗ ГАРДОНД

Президенти Русия Владимир Путин 60 табиби аз минтақаҳои гуногуни кишвараш, аз ҷумла 9 табиб аз вилояти Маскавро барои нақши бузургашон дар мубориҳа бо коронавирус бо орденҳои Пирогов ва медалҳои Лука Кримский  сарфароз гардонд. Путин ба ин табибон “барои фидокорие, ки дар иҷрои қарзи касбӣ намоиш доданд” изҳори сипос кард.

Дар байни 3 табиб аз вилояти Маскав, ки сазовори ордени Пирогов шуданд, якеаш табиби зодаи Тоҷикистон Абдуллоева Сурайё Мамадшоевна аст.

“Холаи азизи мо Сурайё, МО БО ШУМО ИФТИХОР МЕКУНЕМ! – навиштааст дар  гуруҳи фейсбукии “Pamir News” ҷияни Абдуллоева Наҷиб Исломбеков. “Мехоҳам таъкид кунам, ки ин яке аз ҷоизаҳои олӣ дар арсаи тибби Русия аст! Бигзор саффи чунин ҳамватанҳои зану марди шоистаи мо, дар куҷое ки кор накунанд, боз ҳам биафзояду биафзояд!” – афзудааст ӯ.


Сурайё Абдуллоева  зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буда, соли 1986 риштаи педиатрияи Донишкадаи тибби Тоҷикистон ва соли 1987 ординатураи ҳамин ришта дар ҳамин донишкада хатм кардааст. Ӯ 35 сол таҷрибаи кори табибӣ дорад. Сурайё Абдуллоева мисли садҳо табиби дигари тоҷик ба Русия кӯчида, ҳоло дар бемористони марказии ноҳияи Шатураи вилояти Маскав ба ҳайси табиби кӯдакон (педиатр) кор мекунад.

 “Табиби кӯдак касби содае нест. Онҳо бояд нафақат бемориро дақиқ ташхис кунанд, балки ба дили тифли бемор роҳ биёбанд. Абдуллоева Сурайё Мамадшоевна  мутахассиси ботаваҷҷуҳест, ки ба ҳамаи кӯдакон ғамхорӣ зоҳир мекунад. Ӯ дар ҷои кораш муҳити роҳате муҳайё сохтааст ва шумо метавонед бидуни ягон нороҳатӣ аз ташхис гузаред”, – гуфта мешавад дар муаррифиномаи ин табиби зодаи Тоҷикистон дар сомонаҳои тиббии Русия ва даҳҳо нафар дар зери он навиштаанд, ки  дурустии ин гуфтаҳоро аз таҷрибаи худ тасдиқ мекунанд.

Ордени Пирогов тоза 19 июни соли 2020 баъди пандемияи коронавирус таъсис ва ба шарафи Николай Пирогов, табиб ва ҷарроҳи шуҳратёри рус номгузорӣ шудааст. Ин орден барои фидокорӣ дар табобати мардум дар шароити ҳолатҳои фавқулодда, эпидемияҳо, шароити ҷанг ва дигар ҳолатҳои ҳамроҳ бо хатар ба зиндагии табибон дода мешавад. Дар бархе ҳолатҳо шаҳрвандони хориҷӣ низ барои корнамоӣ ё дастовардҳои илмӣ дар муассисаҳои тибби Русия метавонанд сазовори ордени Пирогов шаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button