ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ОЗМУНИ РВКД ДУШАНБЕ БАРОИ БЕҲТАРИН ВИДЕО ВА АКСИ КИРДОРҲОИ ЗИДДИҲУҚУҚӢ

Раёсати корҳои дохилии  шаҳри Душанбе гуфт, бо мақсади тақвияти ҳамкории милитсия бо аҳолӣ ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳама гуна кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ озмун эълон мекунад.

 Гуфта мешавад, барои иштирок дар «ОЗМУН» хоҳишмандон метавонанд дилхоҳ кирдори зиддиҳуқуқӣ, ҳуқуқвайронкуниву ҳодисаҳои ҷиноятӣ, аз қабили муноқиша; бетартибӣ; озори лафзӣ ва паст задани шаъну шарафи инсон; вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва дигар тартиботи муқаррарнамудаи шаҳрдориро расм ва ё ба навор гирифта, тавассути мессенҷерҳои ВатсАпп, Вайбер, ИМО ва Телеграм бо навиштаҷоти «Барои ОЗМУН» ба рақами +99255 112 02 02 ва ба суроғаҳои электронии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ирсол кунанд.
РВКД Душанбе гуфт, махфӣ будани шахсияти иштирокчиёни озмун кафолат дода шуда, барои ғолибони 3 ҷойи аввал ҷоизаҳои пулӣ муқаррар гардидааст. Аз ҷумла:

– барои ҷои аввал 5 ҳазор сомонӣ;
– барои ҷои дуюм 3 ҳазор сомонӣ;
– барои ҷои сеюм 2 ҳазор сомонӣ.

 Бар асоси иттилоияи расмӣ,  ҳамаи маводи барои озмун пешниҳодгардида аз ҷониби комиссияи босалоҳият мавриди таҳлилу баррасӣ ва баҳогузорӣ қарор дода шуда, ба аксу наворҳое бартарӣ дода мешаванд, ки хусусияти пешгирикунанда ва ошкорнамоии ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин дошта бошанд.
  Муҳлати қабули маводҳо барои «ОЗМУН» то 25 декабри соли 2021  буда, ғолибонро дар арафаи Соли нави мелодӣ бо маблағҳои пулӣ ва дигар мукофотҳо қадрдонӣ хоҳанд кард.

 РВКД Душанбе гуфт, номи ғолибони озмун  дар матбуот танҳо дар сурати розигии худи онҳо нашр хоҳад шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button