ВидеоМуҳоҷиронЧеҳраҳо

ҶОВИД ЗАРИПОВ АЗ ТОҶИКИСТОН ЯКЕ АЗ СЕ ДАНДОНПИЗИШКИ БЕҲТАРИНИ РУСИЯ ЭЪТИРОФ ШУД (ВИДЕО)

Табиби зодаи Тоҷикистон Ҷовид Зарипов дар сабқати беҳтарин стоматологҳо ё дандонпизишкҳои Русия, ки пойгоҳи тиббии  ПроДокторов баргузор кард, аз байни 168 довталаб яке аз се нафаре буд, ки сазовори Гран При, ё шоҳҷоиза шуд. Ҷовид дар Фейсбук навишт, ки ин пирӯзиро ба падараш Акбар Зарипов, яке аз дандонпизишкони номдори Тоҷикистон мебахшад.

 Сипос ба падарам Зарипов Акбар Раҳмонович барои заҳматҳо, барои тарбия ва барои ин касб. Ин пирӯзиро ба падарам мебахшам! Ин пирӯзии Шумост, падари азизу маҳбубам!”, – навиштааст Ҷовид Зарипов.

Ҷовид аз сулолаи дандонпизишкон буда, 16 апрели соли 1992 ба дунё омадааст. Ӯ  соли 2014 риштаи стоматологияи Доншгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино ва соли 2015 интернатураи ҳамин донишгоҳро хамт кардааст. Аммо Ҷовид мегӯяд, таҷрибаи беш аз 10 соли кори дандонпизишкиро дорад, чунки алакай аз соли дуюми таҳсил ба падараш ҳамчун ёвар кумак мерасонд.

Ҷовид Зарипов  баъди хатми таҳсил солҳои 2015-2016 дар Душанбе дар шифохонаи “Мармариён” кор карда, соли 2016 ба Русия кӯчид. Ӯ аввал дар шаҳри Самара ва солҳои 2017-2018 дар шифохонаи стоматологии “Зубофф” дар шаҳри Красноярск кор кард ва аз онҷо аввал ба Маскав даъват шуду аз соли 2018 дар шаҳри Владимир дар шифохонаи стоматологиву косметологии “Лавиани” ҳамчун дандонпизишк ба мардум хидмат мекунад.

Ҷовид Зарипов солҳои 2019 ва 2020 низ аз ҷониби пойгоҳи ПроДокторов беҳтарин дандонпизишки вилояти Владимир эътироф шуда буд.

Солҳои охир садҳо нафар аз табибони тоҷик тарки Тоҷикистон карда, ба кишварҳои дигар, асосан ба Русия кӯчиданд. Мақомоти Русия ба ин кишвар кӯчидани мутахассисони баландтахассус, бавижа табибонро  бо ироаи имтиёзҳои зиёд ташвиқ мекунанд.

Вале барои кишварҳое мисли Тоҷикистон тарки кишвар кардани ҳар чунин мутахассис талафоти сангин аст. Бахусус ба соҳаи тибби кишвар, ки бе ин ҳам аз камбуди табибони варзида ранҷ мекашад.  Маъмулан ҷои  мутахассисони ҳирфаиро афроди камтаҷриба ва дар аксар вақт начандон босавод пур мекунанд, ки ин боиси хеле пойин рафтани сатҳи касбии муассисаҳои тандурустӣ дар Тоҷикистон шудааст.

Ахиран президенти Русия Владимир Путин табиби зодаи Тоҷикистон Сурайё Абдуллоеваро, ки бемористони марказии ноҳияи Шатураи вилояти Маскав ба ҳайси табиби кӯдакон (педиатр) кор мекунад, барои саҳми бузургаш дар мубориза бо коронавирус ва намоиши фидорӣ дар иҷрои қарзи касбӣ бо ордени Пирогов сарфароз гардонд.

Соли гузашта Фурқатҷон Ғафуров, табиби бемориҳои қалб, ки зодаи шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон аст ва дар беморхонаи Егорево кор мекунад,  барандаи ҷоизаи волӣ (губернатор)-и вилояти Маскав бо номи «Мы рядом ради перемен» («Мо ба хотири тағйирот дар каноратон ҳастем») шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button