ВидеоҶомеа

ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ДУХТАР ХУДРО БА ДАРЁ ПАРТОФТ, САФАРАЛӢ ӮРО НАҶОТ ДОД

Рӯзи 23 ноябр дар шаҳри Душанбе як духтарро, ки худро бо қасди худкушӣ ба дарё партофт, аз марг наҷот додаанд.  Сомонаи Рressa.tj  бо нашри як видео аз ҷои ҳодиса хабар дод, ки ҳодиса соати 10:15 рӯй дода, ин духтарро Сафаралӣ Ғоибов ном сокини пойтахт, ки хонааш дар наздикии тарабхонаи “Форель” ҷойгир шудааст, аз марг наҷот додааст. Нашрия гуфт, номи духтарро ҳам маълум кардааст, вале аз нашраш худдорӣ мекунад.

Нашрия менависад, ки вақте хабарнигоронаш ба ҷои ҳодиса омаданд, дар онҷо издиҳоми зиёде ҷамъ омада буд ва духтарро аз дарё алакай берун бароварда буданд.

Аввалин шуда, худро аз болои пули байни чопхонаи “Шарқи Озод” (ГЖК) ва корхонаи нассоҷӣ (маъруф ба пули Текстил) ба дарёи Душанбе партофтани духтарро ду корманди БДА Алишер Ҷалолов ва Файзулло Раҳимов, ки дар роҳи мошингард машғули кори худ: назорати ҳаракати мошинҳо буданд, дида, бо ратсия ба мақомот хабар додаанд. Аммо ин ду корманди милиса ба кадом сабаби ҳанӯз Файзулло Раҳимов ношане барои наҷоти он духтар нашитофтаанд.

Дар ин ҳангом ҳанӯз то расидани дигар кормандони мақомот,  Сафаралӣ Ғоибов, ки дар хонааш буд, садои доду фиғони мардумро шунида, аз болои девори ҳавлиаш ҷаҳида, худро ба дарё меандозад ва духтарро аз об берун мекашад. Ба дунбол, чанд раҳгузари дигар низ ба кумак мерасанд ва духтарро аз соҳил ба боло мебароранд.

Сафаралӣ Ғоибов ҳодисаро ба  Рressa.tj  чунин нақл кардааст: “Дар ҳавлӣ будам, якбора фиғони баланди мардум ба гӯшам расид, ки худро ба дарё касе партофт, наҷот диҳед. Ин вақт ба ҳеҷ куҷо нигоҳ накарда, аз болои девори ҳавлӣ парида, дохили дарё шудам. Духтарро бо азоб кашола карда, то соҳил расондам. Баъд чанд каси дигар кӯмак карданд ва духтарро то назди тарабхонаи “Форель” расондем. Ман фақат бо ин амалам қарзи шаҳрвандиамро иҷро кардам”.

Бино ба гузориши Рressa.tj , шоҳидони ҳодиса гуфтаанд, ки вақте духтар худро аз болои пул мепартофт,  як шахси наздик ба ӯ аз пасаш давида истода буд. Баъдан маълум шудааст, ки ин мард падараш будааст, ки барои пешгирӣ аз худкушии духтараш аз пасаш омада будааст.

Файзулло Раҳимов, нозири БДА-и шаҳри Душанбе ба Рressa.tj  гуфтааст, ки агар онҳо ҳам наздиктар мебуданд, пеши роҳи худкушии духтарро мегирифтанд: Мо аз ин тарафи роҳ истода будем. Давидани падарашро дидем ва дидем, ки чӣ гуна ногоҳ духтар худро аз болои пул ба об партофт. Агар наздиктар мебудем, пеши роҳашро мегирифтем. Баъдан, фавран тариқи “ратсия” ба мақомоти милитсия ва “Ёрии таъҷилӣ” хабар расондем”.

Ҳар сол дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳолати худкушӣ ва қасди худкушӣ сабт мешавад. Аксари онҳоеро, ки қасди ҷони худ мекунанд, занону духтарон ташкил медиҳанд. Мушкилоти зиндагӣ ва муноқишаҳои оилавӣ як сабаби умдаи худкушиҳо дар Тоҷикистон шумурда мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button