ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

СОҲИБИ МАРКАЗИ КОМПЮТЕРИРО БАРОИ РОҲ ДОДАНИ НОБОЛИҒОН ҶАРИМА БАСТАНД

Маркази матбуоти милитсияи шаҳри Душанбе хабар дод, ки шаҳрванд Акрамов Баҳрулло Бароталиевич, санаи таваллудаш 04.03.1996, истиқоматкунандаи ш.Душанбе кӯчаи М.Назаршоев, соҳибмулки маркази бозиҳои компютерии воқеъ дар маҳаллаи Гулистони ноҳияи Шоҳмансур барои роҳ додани ноболиғон ба ин муассиса ҷарима баста шуд.

Бино ба ин манбаъ, “гарчанде борҳо соҳибмулкону маъмурони марказҳои компютерӣ, ҷиҳати роҳ надодани ноболиғон ба марказҳои бозиҳои компютерӣ огоҳонида шуда бошанд ҳам, вале боз нафароне ҳастанд, ки танҳо ба хотири ба даст овардани маблағу даромади муфт хилофи талаботи қонунгузорӣ амал намуда, наврасонро ба марказҳои компютерӣ роҳ медиҳанд.   Аз ҷумла, дар натиҷаи баргузор намудани амалиёти навбатӣ муайян карда шуд, ки ноболиғони зиёде дар маркази бозиҳои компютерӣ, воқеъ дар маҳаллаи Гулистони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе машғули бозиҳои зараровари компютерӣ мебошанд.”
 Дар пайи санҷиш нисбат ба соҳибмулки ин марказ Баҳрулло Акрамов протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси қарори додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ӯ ба андозаи 3-нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 180 сомонӣ, ҷарима баста шудааст.

Тибқи қонуни масъулияти волидайн, дар Тоҷикистон ба афроди то синни 20 баъди соати 20 ворид шудан ба марказҳои компютерӣ ва интернет-кафеҳо манъ карда шудааст. Мақомот пешгирӣ аз машғул шудани наврасону ҷавонон ба “корҳои беҳуда” ва сарф кардани вақташон ба “бозиҳои зараровар”–ро сабаби чунин тасмим меноманд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button