ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МУҶОЗОТИ 6 СОКИНИ ДУШАНБЕ БАРОИ ДУЗДИИ БАРҚ

Милитсияи шаҳри Душанбе хабар дод, ки аз аввали моҳи ноябр танҳо гуруҳи кории ШВКД-2 ноҳияи Шоҳмансур 6 ҳолати берун аз ҳисобкунаки барқӣ истифода бурдани нерӯи барқ дар манзилҳои истиқоматиро ошкор карда, нисбат ба гунаҳкорон “чораҳои таъсиррасони қонунӣ” андешидаанд.

Чунончӣ, шаҳрванд Парвизи Холмурод санаи таваллудаш 15.08.1990, истиқоматкунандаи ш. Душанбе, Теппаҳои Шарқӣ шаҳраки 192, дар манзили сохтмонаш нотамоми худ давоми 4-моҳ бе ҳисобкунак нерӯи барқро ба манфиати худ истифода намуда, зиёда аз 3-ҳазор киловатт зарар расонидааст”, – гуфта мешавад дар иттилоияи маркази матбуоти РВКД Душанбе.
 Бино ба ин манбаъ, “инчунин шаҳрванд Исмоилова Фотима Каримовна санаи таваллудаш 05.12.1962, истиқоматкунандаи маҳаллаи Ховарон, минтақаи 14, муддати 3-моҳ ноқилҳои барқиро берун аз ҳисобкунак насб намуда, қувваи барқро ба манфиати худ истифода кардааст.”

Вобаста ба ин ҳолатҳо нисбат ба ҳамаи барқдуздон тибқи моддаи 382 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда,  онҳоро ҷарима бастаанд.

Дар хабар дар бораи маблағи ҷарима чизе гуфта нашудааст, вале  моддаи 382 барои риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ, аз ҷумла барои худсарона пайваст шудан ба шабакаи барқ ва бидуни қарордод истифода бурдани қувваи барқ ва гармӣ ҳамчун ҷазо барои шаҳрвандони оддӣ ҷаримаро ба андозаи аз се то панҷ, ба шахсони мансабдор аз понздаҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ (муассисаҳову корхонаҳо)  аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳоро пешбинӣ мекунад. Ёдовар мешавем, як нишондиҳанда барои ҳисобҳо феълан дар Тоҷикистон 60 сомонӣ, яъне чизе бештар аз 5 доллар аст.

Муҷозоти 6 сокини Душанбе барои истифодаи ғайриқонунии нирӯи барқ дар ҳолест, ки  инак қариб ду моҳ боз Тоҷикистон ба камбуди шадиди барқ рӯбарӯ шудааст ва нирӯи барқ ба аксари манотиқи кишвар ва ҳатто дар бархе қисматҳои пойтахташ, шаҳри Душанбе ҳамагӣ чанд соат дар шабонарӯз дода мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button