ВидеоМуҳоҷиронНомаҳо ба президентҲуқуқи инсон

ВОЙИ БЕСОҲИБӢ: БАЪДИ ЗИНДА БА ЗИНДА ОТАШ ЗАДАНИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ДАР ИРКУТСК … СЕ МУҲОҶИРРО БА ҲАБС ГИРИФТААНД

Додгоҳи вилояти Иркутски Русия се муҳоҷири тоҷикро, ки вагони зисташон дар шаҳраки Халариро шаби 12 ноябр сокинони маҳаллӣ оташ зада буданд, барои ду моҳ: то 13 январи соли 2022 ба ҳабси пешакӣ гирифтааст. Дар он сӯхтор ду  муҳоҷири тоҷик Насимҷон Сайдалии 21-сола ва Сироҷиддин Гулзодаи 19-сола аз Файзобод ва Ҳисор ҷон бохтанд. Вале мақомоти Иркутск ду нафар аз афроди муттаҳам ба зинда ба зинда оташ задани муҳоҷирони тоҷикро аз ҳабс ҷавоб дода,  се муҳоҷири ҷабрдида Қурбонмад Содиқов ва Далер Ҳасановро бо иттиҳоми “қасди куштор” ва Ҷумъабой Искандаровро бо иттиҳоми “авбошӣ” ба ҳабс гирифтааст. Наздикони  ин муҳоҷирон гуфтаанд,  ки фарзандони онҳо дар он ҳодисаи даҳшатбори шаби 12 ноябр ҷабрдида буданд, на гунаҳкор, вале…

“Далели ҳабсашон бесоҳибии мо буд. Медонанд, ки мо нотавонем, дигар ҳар коре хостанд, мекунанд. Аз дастамон чӣ меояд”, – гуфтааст Муҳаммадсолеҳ Искандаров, падари Ҷумъабой Искандаров, яке аз муҳоҷирони ҳабсшуда ба Радиои Озодӣ.

Ҳукми ҳабси се муҳоҷири тоҷик дар ҳолест, ки як мақоми наздик ба тафтиши парвандаи зинда ба зинда оташ задани муҳоҷирони тоҷик ба Радиои Озодӣ гуфтааст, аз се сокини маҳаллии бо гумони даст доштан дар он ҳамла дастгиршуда танҳо як ҷавони 26-солаи рус дар ҳабси пешакӣ боқӣ мондааст. “Гумонбарони дигар аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ се рӯз дар боздошт буданд ва сипас озод карда шуданд”, – хабар додааст ин манбаъ.

Муҳаммадсолеҳ Искандаров, падари Ҷумъабой Искандаров, рӯзи 22 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “додгоҳ пурра яктарафа рафтор кард” ва писари ӯ ва ҳамроҳонашро “бедалел” ба ҳабс гирифт.

Ҳоло барои дифоъ аз ҳуқуқи  ин се ҷавони тоҷики боздоштшуда адвокат киро кардаанд.

Расонаҳои маҳаллӣ навишта буданд, ки гӯё муҳоҷирони тоҷик, ки дар Залари дар як сохтмон кор мекунанд, рӯзи 12 ноябр ба як духтари маҳаллӣ гап партофтаанд. Ӯ ба дӯстписараш шикоят кардааст ва он ҷавони рус ҳамроҳи як дӯсташ ба сохтмон барои “разбор” омадааст, вале зӯрашон ба муҳоҷирон нарасидааст. Онҳоро аз онҷо пеш кардаанд, вале баъди чанде онҳо як гуруҳи бузурги сокинони маҳаллиро ҷамъ оварда, ба идомаи “разбор” ба пеши муҳоҷирон омадаанд. Дар ҷараёни муноқиша вагонеро, ки муҳоҷирони тоҷик ҳамчун ҷои хоб ва истироҳат истифода мекарданд, оташ заданд ва дар натиҷа ду муҳоҷири тоҷик зинда ба зинда сӯхтаанд.

Як муҳоҷири шоҳиди ҳодисаи шаби 12 ноябр, ки ба далелҳои амниятӣ нахост номаш зикр шавад, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ фарзия “гап партофтан”-ро рад кард ва гуфт, моҷаро вақте оғоз шуд, ки муҳоҷирони тоҷик рӯзи 12 ноябр барои пешвоз гирифтани падари якеи онҳо ба деҳа рафтанд ва дар дохили мағоза аз ҷониби 6 ҷавони маҳаллӣ таҳқир шуданд. Ӯ  ҷараёни талотуми баъдии ҳодисотро чунин нақл кард:  “Шаби 12 ноябр мошинҳои зиёде вагони моро иҳота кард. Гуруҳи ҷавонон омада буданд. Як нафар бо либоси пулис низ буд. Фикр кардем, санадҳоро тафтиш мекунанд. Хостем ба берун бароем, ки дарро бастанд. Ба сӯи вагони мо тир холӣ карданд. Вагон оташ гирифт, мо нафасгир шудем ва дарро шикаста баромадем. Онҳо бо чӯбу оҳан моро заданд.”

Ин шоҳиди ҳодиса  мутмаин аст, ки Насимҷон ва Сироҷиддинро он шаб аввал парронданд ва сипас барои пӯшондани изи ҷинояташон оташ заданд. Мақомоти Русия ҷузъиёти ҳодисаро то ҳол шарҳ надодаанд. Натиҷаи ташхиси ҷасадҳо низ то кунун нашр нашудааст.

Ҳузури корманди милисаро дар ҳодиса шоҳидони дигар низ тасдиқ карданд. Яке аз шоҳидон, ки барои рӯ ба рӯ кардан ба додситонӣ даъват шудааст, ба Озодӣ гуфт, дар ҳақиқат, як корманди милисаро дар қатори боздоштшудаҳо дида буд, вале намедонад, чаро озодаш кардаанд?

Мақомоти додситонӣ ва пулиси Иркутск ҳодисаро шарҳ надоданд ва маълум нест, бар кадом асос  афроди муттаҳам ба зинда ба зинда оташ задани муҳоҷирони тоҷикро озод карда ва муҳоҷирони ҷабрдидаро баракс ба ҳабс кашидаанд?

Дар ҳамин ҳол, сафорати Тоҷикистон дар Русия  гуфтааст, ки намояндаҳояш қазияро пайгирӣ доранд ва аз ҳаққи муҳоҷирони тоҷик ҳимоят хоҳанд кард. Дар сафорат ба далели халал нарасондан ба рафти тафтишот аз ироаи ҷузъиёти дигар дар ин масъала худдорӣ кардаанд, вале гуфтаанд, “мо барои ҳимоя аз ҳуқуқи шаҳрвандон тамоми чораҳоро меандешем.”

Ҳабси се муҳоҷири тоҷик дар Иркутск. Вагони шаҳрвандони Тоҷикистонро кӣ оташ зад?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button