ВидеоҲуқуқи инсонҶомеа

ВАЗОРАТИ МУДОФИА: НАҚШАИ ДАЪВАТ 83% ИҶРО ШУДААСТ

Дар ҳоле ки то анҷоми мавсими тирамоҳии даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамагӣ чизе бештар аз як ҳафтаи дигар боқӣ мондааст, маркази матбуоти вазорати мудофиаи Тоҷикистон рӯзи 22 ноябр хабар дод, ки нақшаи даъват ба саффи артиш дар кишвар то имрӯз 83% иҷро шудааст. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Душанбе нақшаи тирамоҳии даъватро 100 фоиз иҷро карда, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, ки навоҳии водиҳои Ҳисору Рашт ва шаҳри Норакро дар бар мегирад, нақшаро алакай 96% ба иҷро расондаанд. Аммо ду вилояти бузургтарини ҷумҳурӣ каме ақиб мондаанд: Нақшаи даъват ба артиш дар вилояти Суғд то имрӯз 77,3% ва дар вилояти Хатлон 75% иҷро шудааст.

Рӯзҳои охир дар шаҳру ноҳияҳое, ки иҷрои нақшаи даъвати наваскаронро таъмин карда натавонистанд, ситодҳои даъват хеле фаъолтар шудаанд ва мутаассифона, мавридҳои “облава”, яъне дар кӯчаю бозору дигар маконҳои ҷамъиятӣ доштану бо зӯрӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ бурдани ҷавонон зиёд шудааст. Аз ҷумла ҳафтаи гузашта, рӯзи 18 ноябр даҳҳо  донишҷӯи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакентро ҳангоми дарс аз даруни синфхонаҳои донишкада дошта маҷбуран ба комиссариати ҳарбӣ бурданд. Дар посух ба суолҳои хабарнигорон мақомоти Панҷакент гуфтанд, ки гӯё  ин даҳҳо донишҷӯ худашон “бо ихтиёри худ” хоҳиши ба таври гуруҳӣ ба комиссариат рафтан кардаанд.

Ҳамчунин, Бобохон Мирзозода, узви тими миллии Тоҷикистонро, ки мебоист дар чемпионати ҷаҳон оида ба гуштини самбои размӣ  дар Тошканд аз Тоҷикистон намояндагӣ мекард, рӯзи 10 ноябр, як рӯз қабл аз сафари Тошканд кормандони комиссариати ҳарбии Суғд Бобохон аз хонаи истиқоматиаш аз Хуҷанд гирифта, ба хидмат бурданд. Бобохон Мирзозода моҳи июли соли ҷорӣ унвони қаҳрамони Осиёро ба даст оварда, орзу дошт, ки дар чемпионати ҷаҳон низ пирӯзӣ ба баст биорад, вале ба ҷои тахти ғолибони чемпионат ӯро ҳамчун аскари қаторӣ ба хидмат фиристоданд. Кадом боақле аз комиссариати ҳарбӣ ба хулосае омадааст, ки ин ҷаҳонпаҳлавон дар ягон қисми ҳарбӣ  ба ҳайси аскари қаторӣ ба Ватан бештар фоида меорад, то дар чемпионати ҷаҳон.

Даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳар сол ду маротиба: баҳор дар моҳҳои апрелу май ва тирамоҳ дар моҳҳои октябр ва ноябр сурат мегирад.

Рӯзи 1 октябр дар Тоҷикистон расман мавсими тирамоҳии даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳ оғоз ёфт. Даъвати тирамоҳӣ то 30 ноябр давом мекунад.

Ин нахустин даъват дар пайи қабули қонун дар дар бораи хидмати алтернативист. Бар асоси он, шаҳрвандоне, ки намехоҳанд ду сол хидмати ҳарбӣ бираванд, метавонанд бо пардохти 25 ҳазору 200 сомонӣ маблағ ба буҷаи давлат, ҳамагӣ як моҳ хидмат кунанд. Бисёриҳо умедвор буданд, ки ин қонун заминаро аз зери пои коррупсия дар сохторҳои комиссариатҳои ҳарбӣ зада, ба таҷрибаи бадномшудаи “облава” нуқта мегузорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button