
Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва яке аз вазирони ислоҳталаб дар ҳукумати кунунӣ, рӯзи 22 ноябр ба синни 50 расид. Шералӣ Кабир яке аз аъзои ҷавонтарини ҳукумати кунунӣ ва мисли вазири энергетика Далер Ҷумъа аз зумраи менеҷерҳоест, ки аз арсаи тиҷорат ба кори ҳукумат ҷалб карда шудаанд.
Бардоштҳо дар бораи собиқаи Шералӣ Кабир дар ҷомеа яксон нест. Гуруҳе аз ӯ ба унвони як менеҷери муваффақ тавсиф мекунанд ва бавижа ободкориҳои ӯ дар зодгоҳаш, ноҳияи Дарвозро мисол меоранд. Гуруҳи дигар Шералӣ Кабирро ба он айбдор мекунанд, ки ТАЛКО, бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистонро дуруст уҳда карда натавонист ва дар натиҷа, тавлиди маҳсулот ва сатҳи даромад дар ин корхона пойин рафт.
Вале ҳам тарафдорон ва ҳам мухолифон эътироф мекунанд, ки Шералӣ Кабир дар ҳукумати имрӯза бо часпу талоши худ ба ислоҳи вазъ фарқ мекунад. Омили дигаре, ки ҳузури ӯро барҷаста мекунад, нуфуз ва таъсирест, ки Шералӣ Кабир ба нухбагони раддаи аввали доираҳои сиёсии Тоҷикистон, аз ҷумла ба раисиҷумҳур ва хонаводаи ӯ дорад.
Зодрӯз муборак, ҷаноби вазир!
Шералӣ Кабир 22 ноябри соли 1971 дар деҳаи Қалъаихумб, маркази ноҳияи Дарвоз ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ. Соли 1992 Донишкадаи савдо совети-кооперативии шаҳри Новосибирски Федератсияи Россияро бо ихтисоси иқтисодчӣ-менеҷер ва соли 1994 Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст. Доктори илмҳои иқтисодӣ мебошад. Ба забонҳои русӣ ва англисӣ балад аст.
Фаъолияти кориашро соли 1993 ҳамчун муовини директори ҶС «Система» дар назди заводи «Спецавтоматика»-и шаҳри Душанбе оғоз намуда, минбаъд то соли 2005 дар мансабҳои ноиби президент оид ба тиҷорати ҶС «Тенис», мутахассиси дараҷаи 1, сардори шуъбаи равобити байнидавлатии Кумитаи давлатии қарордод ва савдо, сардори раёсати савдои биржавии Биржаи универсалии молу ашёи Тоҷикистон, сардори раёсати ҶСК «Ориёнбонк» ва муовини раиси ҶСК «Ориёнбонк» кор кардааст.
Солҳои 2005-2015 муовини якуми мудири КВД «Ширкати Алюминии Тоҷикистон» (ТАЛКО) ва солҳои 2015-2020 раиси Шӯрои мудирони ин бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон буд.
Соли 2012 бо ордени «Шараф дараҷаи I» сарфароз гардонида шудааст.
Бо фармони президент Эмомалӣ Раҳмон аз 3 ноябри соли 2020 вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1993-1994 | Муовини директори ҷамъияти саҳомии «Система» дар назди заводи «Спецавтоматика»-и шаҳри Душанбе |
Солҳои 1994-1998 | Ноиби Президент оид ба тиҷорати ҷамъияти саҳомии «Тенис», шаҳри Душанбе |
Солҳои 1998-2000 | Мутахассиси дараҷаи 1, сардори шуъбаи равобити байнидавлатии Кумитаи давлатии қарордод ва савдо, шаҳри Душанбе |
Солҳои 2000-2003 | Сардори раёсати савдои биржавии Биржаи универсалии молу ашёи Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 2003-2004 | Сардори раёсати ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Ориёнбонк», шаҳри Душанбе |
Солҳои 2004-2005 | Муовини раиси ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Ориёнбонк», шаҳри Душанбе |
Солҳои 2005-2015 | Муовини якуми директори корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминии Тоҷикистон», шаҳри Турсунзода |
Солҳои 2015-2020 | Раиси шӯрои директорони корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик», шаҳри Турсунзода |
Аз 3 ноябри соли 2020 то имрӯз | Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон |
