ВидеоКоррупсия

ЯК АФСАРИ МИЛИСА ДАР НОҲИЯИ ШОҲИН 10 ҲAЗОР СОМОНӢ ПОРА ГИРИФТААСТ

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 22 ноябр аз анҷоми тафтиши пешакӣ ва дар пайи тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудани парвандаи Умед Комилов, як афсари милисаи ноҳияи Ш.Шоҳин (собиқи Шӯрообод) дар ҷануби кишвар хабар дод. Умед Комилов, ҳамакнун собиқ ваколатдори шуъбачаи кофтукови ҷиноии ШВКД дар ноҳияи Ш.Шоҳин ба гирифтани пора ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ даривази ваъдаи пӯшондани як ҷиноят айбдор мешавад.

Маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсия  бидуни ироаи ҷузъиёти зиёд дар шарҳи ин парванда гуфт: “Комилов Умед Одинаевич  дар  вазифаи  ваколатдори шуъбачаи кофтукови ҷиноии ШВКД дар ноҳияи Ш.Шоҳин кор  карда  истода,   дар давоми  фаъолияти корияш,  бо  мақсади  ғаразнок  ва  бо  истифодаи мақоми  хизматӣ аз шаҳрванд “А” барои гуё нисбаташ оғоз накардани парвандаи ҷиноятӣ маблағи 10 000 сомонӣ талаб намуда гирифтааст.”

 Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба  Комилов Умед бар асоси моддаи 247,  қисми 3, банди «а»  Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми қаллобӣ ба маблағи бузург парвандаи  ҷиноятӣ  кушодааанд. Дар сурати дар додгоҳ ҳам ба гарданаш дайн шудани ин иттиҳом, ба афсари ҳамакнун собиқи милиса ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 912  то 1460 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда = 60 сомонӣ, ё каме бештар аз 5 доллар) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 5 то 8 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 5 сол ё бидуни он таҳдид мекунад.

Дар як ҳафтаи охир Агентии мубориза бо коррупсия аз боздошти инак ду афсари милисаи вилояти Хатлон бо иттиҳоми даст доштан дар ҷиноятҳои коррупсионӣ хабар медиҳад.

Агентии мубориза бо коррупсия рӯзи 15 ноябр хабар дод, ки тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятии капитани милится Матлуба Зиёдализода ва шарики ӯ шаҳрванд Абдукарим Абдуллоевро анҷом дода, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ин парвандаро ба додгоҳ ирсол кардааст. Маркази матбуоти Агентӣ гуфт, “шаҳрванд Абдуллоев Абдукарим Рауфович дар асоси маслиҳати пешакӣ бо муфаттиши шуъбачаи тафтишотии шуъбаи вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён, капитани милитсия Зиёдализода Матлюба ба боварии шаҳрванд “А” даромада, барои кумак намудан дар парвандаи ҷиноятӣ нисбати писараш дар шаш ҳолат маблағи умумии 154 ҳазор сомонӣ гирифта, ин маблағро тасарруф намуда ба манфиати охирин ягон амали муайянеро иҷро накарданд.”

Ба капитан Матлуба Зиёдализода ва шарикаш шаҳрванд Абдукарим Абдуллоев бар асоси банди “б”, қисми чоруми моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои  қаллобӣ  ба маблағи махсусан бузург ҷаримаи ҳангуфт ваё аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Агентии мубориза бо коррупсия  ҳамчунин моҳи 12 июл хабар дода буд, ки Зафар Икромов, сарваколатдори гуруҳи махсуси милисаи минтақаи Кӯлоб директори Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Восеъ Шарипов Қ.И.-ро дар гирифтани пора гумонбар дониста, аз поёни соли 2019 то моҳи июли соли 2020 дар якчанд ҳолат аз аз ӯ 51 000 сомонӣ гирифтааст.

Агентии мубориза бо коррупсия дар гузоришҳояш мақомоти корҳои дохилиро пайваста дар қатори ниҳодҳои давлатии аз ҳама фасодзада номбар мекунад.

Тоҷикистон дар умум яке аз кишварҳои фасодзадатарини дунё ба шумор рафта, дар гузориши ахири созмони Транспаренси Интенэшнал дар байни 180 кишвар аз лиҳози сатҳи фасод дар мақоми 149 қарор дода шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button