ВарзишВидео

“ИСТИҚЛОЛ” БОЗ ЧЕМПИОН ВА “ХУҶАНД” ДУЮМ ШУД, “ДУШАНБЕ” ТАРКИ ЛИГАИ ОЛӢ КАРД

Дар доираи бозиҳои даври 25-уми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ “Истиқлол” (Душанбе) бар дастаи “Душанбе” бо ҳисоби 8:0 пирӯз  гардида, ва пеш аз муҳлат чемпиони Тоҷикистон шуд. 4 голро дар ин бозӣ Манучеҳр Ҷалилов, 3 голро Рустам Соиров ва як голи дигарро Алишер Ҷалилов ба дарвозаи “Душанбе” заданд. Ин даҳум маротиба аст, ки тими “Истиқлол”-и Душанбе ба унвони чемпионӣ мерасад. Қаблан “Истиқлол” медалҳои тиллои чемпионати Тоҷикистонро дар солҳои 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017, 2018, 2019 ва 2020 ба даст оварда буд.
Баъди ин шикаст тими “Душанбе” ду давр қабл аз анҷоми чемпионат аз ҳаққи иштирок дар бозиҳои мавсими ояндаи лигаи олӣ маҳрум шуд. Дастаи дигаре, ки лигаи олиро тарк мекунад, метавонад “Кӯктош”, “Файзканд” ё “Эсхата” шавад.
Медалҳои нуқраи чемпионати Тоҷикистон низ алакай насиби тими “Хуҷанд” шуд. “Хуҷанд” дар даври 25-ум  бар “Равшан” аз Кӯлоб бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад. Дастаҳои “Истаравшан” ва КМВА барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд. “Истаравшан ахиран “Эсхата”ро дар майдони худаш бо ҳисоби 2:1 шикаст дод ва ҳоло 38 имтиёз дорад. КМВА 40 имтиёз дорад. Рӯзи23 ноябр ин ду дастаи довталаби ҷои сеюми дар Истаравшан бо ҳам вомехӯранд.



Натиҷаҳои даври 25-уми лигаи олӣ:

«Истиқлол» – «Душанбе» – 8:0
Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 4 (1:0). Алишер Ҷалилов, 6 (2:0). Рустам Соиров, 38 (3:0). Рустам Соиров, 49 (4:0). Манучеҳр Ҷалилов, 56 (5:0). Манучеҳр Ҷалилов, 77 (6:0). Манучеҳр Ҷалилов, 79 (7:0). Рустам Соиров, 84 (8:0).

«Хуҷанд» – «Равшан» – 3:1
Голҳо: Далер Ёдгоров, 30 (1:0). Дилшод Бозоров, 60 (2:0). Парвизҷон Алиев, 65 (3:0). Алиҷон Алиаҳмадов, 88 (3:1).

КМВА – «Хатлон» – 0:0

«Эсхата» – «Истаравшан» – 1:2
Голҳо: Илҳомҷон Баротов, 36 (0:1). Ҷаҳонгир Эргашев, 75 (1:1). Илҳомҷон Баротов, 88 (1:2).

«Файзканд» – «Кӯктош» – 1:0
Гол: Абдухалил Боронов, 70.

 ҶОЙ  ДАСТАҲО                 Б      Ғ      М      Б      Т-Т      Х    
 1 “Истиқлол” (Душанбе)                       24 19 4 1 71-8 61
 2 “Хуҷанд” (Хуҷанд) 24 16 3 5 50-24 51
 3 КМВА (Душанбе) 25 11 7 7 36-29     40
 4 “Истаравшан” (Истаравшан) 25 11 5 9 28-25 38
 5 “Хатлон” (Бохтар) 25 9 6 10 26-30 33
 6 “Равшан” (Кӯлоб) 25 7 8 10 25-31 29
 7 “Эсхата” (Хуҷанд) 25 8 3 14 31-47 27
 8 “Файзканд” (Восеъ) 25 7 5 13 18-31 26
 9 “Кӯктош” (Рӯдакӣ) 25 6 5 14 34-54 23
 10 “Душанбе” (Душанбе) 25 4 6 15 22-62 18

Манбаъ: https://olympic.tj/news/?ELEMENT_ID=5300

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button