ВидеоҲодиса

ДАР БОЗОРИ “КОРВОН” ГАРДАНБАНДИ ТИЛЛОИ ЯК ҶАВОНЗАНРО АЗ ГАРДАНАШ КАНДА ГИРИФТААНД

Сокини 21-солаи ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 15 ноябр, соати 15:50 дар назди бозори «Корвон», бо роҳи ошкоро аз гардани  ҷавонзани 22-солаи сокини ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ гарданбанди тиллоияшро канда гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
хххххххххххх

Сокини 39-солаи ҷамоати У.Назарови  ноҳияи Қубодиён ба дуздии ду сар чорвои калон ва сокини  30-солаи пеш ҳам барои дуздӣ судшудаи ноҳияи Сино ба дуздии квадросикл гумонбар мешаванд.

 Аз навори хабарҳои рӯзи 22 ноябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Боздошт гардидани ҷавони 21-сола бо ҷурми ғоратгарӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза ҷавонзани 22-солаи сокини ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки 15-уми ноябри соли 2021, тахминан соати 15:50-дақиқа, дар назди бозори «Корвон», шахси номаълум бо роҳи ошкоро аз гарданаш 1-адад гарданбанди тиллоиашро канда гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа, ба ҷабрдида 10 ҳазор сомонӣ зарар расонидааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ, бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани ҷиноятҳои дуздӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Қубодиён бо ариза марди 53-солаи сокини ҷамоати деҳоти Заркамари ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 22 ба 23-юми октябри соли 2021, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои хоҷагии деҳқонӣ 1-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 6 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 39-солаи сокини ҷамоати деҳоти У.Назарови ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир дастгир карда шуд.
Инчунин, номбурда шаби 28 ба 29-уми октябри соли 2021, бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои хоҷагии деҳқонии ба номи “Б.Нормамад” 1-сар чорвои калони шохдори марди 57-солаи сокини ноҳияи Қубодиёнро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 5 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 19-уми ноябри соли 2021, бо роҳи пинҳонӣ аз даромадгоҳи бинои истиқоматии марди 37-солаи сокини ноҳияи мазкур 1-адад “Квадратсикл”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button