ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

БАР АСАРИ САДАМАҲО ДАР РОҲҲОИ ТОҶИКИСТОН 290 НАФАР ҲАЛОК ШУДААНД

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 20 ноябр, тахминан соати 11:10, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Вектра», Эгамбердиев Рустам, соли таваллудаш 1990, сокини ҷамоати Хуррамзамини ноҳияи Спитамен, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Чаноқ-Хуҷанд-Душанбе», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст ва дар натиҷа мошин ба канори рости роҳ чаппа шуда, мусофири хурдсолаш Абдуқаюмова Зулфия, соли таваллудаш 2017, сокини Хуррамзамин дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ду ноболиғи дигар: Абдуқаюмова Зулола, соли таваллудаш 2014, ва Усмонов Ҷавоҳир, соли таваллудаш 2011, сокини шаҳраки Гулистони ноҳияи Зафаробод, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Бино ба охирин омори расмӣ, дар 9 моҳи аввали соли 2021 дар роҳҳои Тоҷикистон 787 садама рӯй дода, дар ин ҳодисаҳои роҳу нақлиёт 290 нафар ҳалок ва 909 нафар маҷруҳ шудаанд.

Муовини аввали сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон  Зубайдулло Ҳафиззода ба хабаргузории “Ховар” гуфт,  имсол шумораи қурбониёни садамаҳо дар кишвар назар ба ҳамин давраи соли гузашта 9 нафар афзуда, шумораи захмиён баракс 40 нафар кам шудааст. Бино ба омори овардаи ӯ, дар моҳҳои январ-сентябри соли 2020 дар роҳҳои Тоҷикистон бар асари 789 садама 281 нафар ба ҳалокат расида, 829 нафар маҷруҳ шуда буд.

Тибқи гузориши Созмони  ҷаҳонии тандурустӣ, ҳар сол бар асари садамаҳо дар дунё беш аз 1 миллиону 350 ҳазор нафар ба ҳалокат расида, чанд миллион нафари дигар маҷруҳ мешаванд. Ба ҳисоби миёна, ҳар 24 сония дар олам як нафар ва ҳар шабонарӯз 3 ҳазор инсон бар асари садамаҳо ҷони худро аз даст медиҳанд. Ба ҳисоби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, омори ҳалокати мардум бар асари садамаҳо дар кишварҳои ба истилоҳ “дар ҳоли рушд”, яъне ақибмонда, нисбат ба кишварҳои пешрафтаи дунё 3 маротиба бештар будааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button