ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

СЕ СОКИНИ ПОЙТАХТ КУРТКАИ ЯК НАВРАС АЗ МӮЪМИНОБОДРО КАШИДА ГИРИФТААНД

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 61-солаи сокини ноҳияи Муъминобод муроҷиат намудааст, ки 7-уми ноябри соли 2021, тахминан соати 16:00, писари ноболиғи 16-солаашро дар кӯчаи Нахимови пойтахт шахсони номаълум бе ягон асос латту кӯб намуда, курткаашро ба таври ошкоро аз танааш кашида гирифта, ба самти номаълум ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 200-сомониро ташкил додааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонони 18, 18 ва 19-солаи сокинони пойтахт, ки пеш бо моддаҳои 237, 254 ва 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудаанд, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуданд. Акнун ба ин се нафар бар асоси қисми дуюми моддаи 248 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои ғоратгарии гуруҳӣ азх 5 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.
Тафтиши ҳодисаи мазкур идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button