ВидеоҶомеа

ЯК ЗАН ДАР НОҲИЯИ Ҷ.БАЛХӢ ШАВҲАРАШРО БО 4 ЗАРБАИ ТАБАР КУШТААСТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ду ҳодисаи ҳамлаҳои хунини занон хабар дод. Дар як ҳолат зани 36-солаи сокини шаҳраки Гулистони ноҳияи Балхӣ шавҳари худро бо 4 зарбаи табар куштааст ва дар ҳолати дуюм як зани 26-солаи сокини пойтахт дар  дохили як бинои навсохт дар кӯчаи Нусратулло Махсум як ҷавонзани 21-соларо 4 зарбаи корд задааст.  Ҷавонзанро дар бемористон бистарӣ кардаанд.

Вале қатли шавҳар дар Гулистон инак панҷумин ҳодисаи қатли хешовандони наздик дар як моҳи охир аст.  Дар се маврид шавҳарон завҷаҳои худро ба ҳалокат расонда, дар як мавриди дигар як келин дар рноҳияи Ҳамадонӣ хушдомани худро бо ду зарбаи корд кушт.

Бино ба иттилои ВКД, кормандони милитсия зани 36-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷ.Балхиро бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир кардаанд.

“Номбурда шаби 18-уми ноябри соли 2021, тахминан соати 21:50, аз сабаби муноқишаи оилавӣ шавҳараш, марди 40-солаи сокини ҳамон ҷоро, бо табар 4-маротиба ба сараш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст”, – омадааст дар хабар. Дар бораи сабаби ин муноқишаи оилавӣ, ки ба чунин фарҷоми хунин овард, чизе гуфта нашудааст. Танҳо гуфта мешавад, ки тафтиши ин ҳодиса идома дорад.

Ҳамин тавр, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавонзани 21-солаи сокини ин ноҳия муроҷиат намудааст, ки шаби 18-уми ноябри соли 2021, тахминан соати 23:40, дар кӯчаи Н.Махсум дар дохили бинои навсохт зани 26-солаи сокини ҳамин ноҳия бо ӯ ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд 4 маротиба ба узвҳои баданаш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Тафтиши ин ҳодиса низ идома дорад.

Як рӯз қабл ВКД хабар дод, ки як зани 41-солаи сокини ҷамоати Регар дар канори шаҳри Турсунзодаро санаи 17-уми ноябр, тахминан соати 16:00, шавҳари 43-солааш бо сабабҳои номаълум 6 корд зада, баъдан, 2 маротиба ба узвҳои бадани худаш корд задааст. Дар натиҷа, ҳар дуи онҳо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар бемористон бистарӣ карда шуданд.

Аз ин пеш ВКД хабар дода буд, ки сокини 48-солаи шаҳраки Ҳ.Алиеви ноҳияи Зафаробод рӯзи 14-уми ноябр, дар ҳуҷраи истиқоматиаш бо ҳамсари 51-солааш муноқиша намуда, бо рӯймоли сараш ӯро бӯғӣ намудааст. Дар натиҷа, ҷабрдида нафасгир шуда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Гумонбаршаванда дастгир ва ба зиддаш бар асоси қисми якуми моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба ӯ аз 8 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон  ҳафтаи гузашта аз ошкор шудани се ҷинояти дигари куштори бераҳмонаи хешу табори наздик дар се гӯшаи гуногуни ҷумҳурӣ хабар дода буд.

Аз ҷумла нимаи аввали рӯзи 9 ноябр, тахминан соати 11  дар ҷамоати Дарқади ноҳияи Фархор як келини 31-сола  ба гардани хушдомани 55-солааш ду зарбаи корд  задааст. Хушдоман бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш дар роҳ ба бемористон ҷон додааст.

Ҳамон рӯз, соати 16, сокини 27-солаи ҷамоати Унҷии ноҳияи Ғафуров бо телефон ҳамсари 25-солаашро ба шаҳраки Ғафуров даъват карда, ӯро бо 13 зарбаи корд ҷобаҷо куштааст.

Шаби 17 октябр, соати 22:30, сокини 45-солаи  деҳаи Фароби ҷамоати Куруши ноҳияи Спитамен, ки қаблан барои авбошӣ ва нигоҳ доштани маводи тарканда суд шуда буд,   дар ҷараёни муноқишаи оилавӣ ҳамсари 32-солаашро бо санг ба сараш зада, куштаааст ва сипас бо мақсади пинҳон кардани изи ҷинояташ ҷасади занро ба канали Фарҳод партофтааст.

Ҳамин тавр, рӯзи 19 ноябр РВКД Душанбе хабар дод, ки ду сокини пойтахт Ҳасан Муқумов ва Амоналӣ Ҷайлобов барои латукӯби ҳамсаронашон ба муҳлати 5 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуданд.

Вақтҳои охир аз Тоҷикистон дар бораи куштори хешу табори наздик хабарҳои зиёд ба даст мерасанд. Ҷомиашиносон инро ба уфти арзишҳои ахлоқӣ дар ҷомиа, рӯҳониён ба дур шудани мардум аз каломи илоҳӣ ва арзишҳои динӣ  рабт медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button