Ҳодиса

ХОҲИШИ БАРОН АЗ ҲАМА: БИЁЕД, ДИГАР БА АБДУРОЗИҚ НАРАСЕД! ТАВОНЕД, КУМАКАШ КУНЕД! (ВИДЕО)

Барон (Беҳрӯзи Шариф), раҳбари канали “Авлод Медиа” ва продюсери ҳамкнун собиқи Абдурозиқ  рӯзи 20 ноябр дар як паёми кӯтоҳи видеоӣ аз ҳама хост, ки ба ин баҳсҳои хеле доғшуда дар атрофи моҷарои байни ӯву Абдурозиқ нуқтаи тамматгузоранд.

“Бародарони ҷон, биёед, дигар бас кунед! Барои онки аз ҳад зиёд шуд ва ман худам зиқ шуда истодаам, ки ҳамон додарро ҳама ин қадар танқид карда истодаанд. Ман видеоро ба он хотир накарда будам, ки ҳамаамон ба болояш чаппа шавем. Маро аз он алам кард, ки ман 3 сол меҳнат кардам ва нав вақти амалан кор карданамон расид, ки ҳамин хел кор шуд. Таваккалаш ба Худо! Ҳар чӣ бодо, бод! Ман видеоро барои он кардам, ки маро дар онҷо таҳқир карданду таҳдид карданд, ки агар намеравӣ, маҳкамат мекунем. Лекин ҳамааш гузашт, рафт. Биёед, бародарон, агар тавонем, дастгирӣ кунем, натавонем, нарасем ҳамон додарро! Агар ман хайп мехостам дар ҳамин мавзӯъ, ҳолӣ ягон 10 видео буд дар Ютубам. Дигар ягон видео намебарояд ва ягон видео ҳам нест дар Ютуб ғайри ҳамон!” – гуфт Барон дар ин паёми видеоӣ.

Барон шаби 17 ноябр бо нашри як видеои 43-дақиқагӣ эълон кард, ки “аз ҳамин рӯз иборатан Абдурозиқ дигар бо мо нест,  ӯ ба бародарони тоҷикаш хиёнат кард.”

Барон гуфт, Абдурозиқ ва падараш ба ваъдаҳои осмонии арабҳо, аз ҷумла Ясмин ном зане фирефта шудаанд, ки гуфтаанд, барои Абдурозиқ дар Дубай хона мехаранд.

Дар видео Барон суҳбатҳои телефониаш бо падари Абдурозиқро ҳам нашр кард, ки чӣ гуна падари Абдурозиқро ҳушдор медиҳад, ки писарашро продюсерҳои араб фиреб дода истодаанд. Вале Барон наметавонад розигии падари Абдурозиқро ба даст оварда, вайро аз Дубай ба Душанбе баргардонда, биорад. Дар ниҳоят, Барон маҷбур шуд, ки худаш танҳо, бе Абдурозиқ баргардад ва эълон кунад, ки роҳҳои онҳо дигар аз ҳам ҷудо шуданд.

Абдурозиқ дар посух бо нашри чанд видео Барон ва “Авлод Медиа”-ро ба тахаллуф дар муомилоти пулӣ гунаҳкор кард ва гуфт, дар ин 3 соле, ки бо Барон буд, ба вай ҳамагӣ як фоизи даромаде, ки ба даст меоварданд, мерасид.

 “Канӣ планшети ман, канӣ ноутбук? Канӣ 1 миллион рубли барои ҷанги ману Ҳасбик? Ман 100% гарантия медиҳам, ки дар дасти акаи Барон! Бори охир Маскав рафтем, 120 ҳазор сомониро дар корти акаи Шуҳрат гузаронданд. Кани он пулҳо? Ман ҳамин қадар сол чизе нагуфтам, бадӣ накардам. Аллоҳи меҳрубон медонад, киро бизанад!” – гуфт дар яке аз видеоҳояш Абдурозиқ.

Абдурозиқ, як овозхони ҷавони зодаи Панҷакент аст, ки 17 сол ва ҳамагӣ  1 метр қаду 17 кило вазн дорад. Ӯ бо сурудхониаш дар бозори Панҷакент ном баровард ва 3 сол пеш Барон (Беҳрӯзи Шариф) Абдурозиқро ба Душанбе оварда, таронаҳояшро тавассути студия ва канали “Авлод Медиа” сабт ва нашр кард. Ҳоло таронаҳои Абдурозиқ дар Ютуб ҳар кадом  то чанд миллион тамошобин ҷамъ меоранд.

Шуҳрати ин овозхони навраси тоҷик ду моҳ пеш дар пайи эълони ҷангаш бо блогери низ хурдҷусса аз Доғистон Хасбулло (Хасбик) ба берун аз Тоҷикистон роҳ ёфт. Он ҷанг дар ниҳоят доир нашуд, вале овозаи Абдурозик чунон оламшумул шуд, ки ӯро акнун ба ҷашну тантанаҳои байналмилалӣ даъват мекунанд ва ҳатто ошпази машҳури турк Бурак бо Абдурозиқ якҷо гамбургери бузурге пухт, ки аз Абдурозиқ ҳам калонтар буд. Моҳи август мақомоти Имороти Муттаҳидаи Араб ба Абдурозиқ визаи тиллоӣ тақдим карданд. Ӯ бо ин виза метавонад 10 сол дар ҳудуди Иморот, аз ҷумла дар Дубай ва Абу Забӣ бидуни виза кору иқомат кунад.

Моҷарои байни Абдурозиқ ва Барон ҷомиаро чанд тақсим кард. Гуруҳе Баронро мазаммат мекарданд, ки шогирдаш паррончак шудааст ва бояд ба ӯ фотиҳа медоду корро чунин ба ҷанҷол намекашонд. Гуруҳи дигар аз Абдурозиқ интиқод мекарданд, ки ба намакдон туф кард ва бо чунин шеваи рафтор баракат намеёбад. Аммо равшанфикрони тоҷикро ин чиз ба ҳолати шок андохт, ки мардум барои инки моҷарои байни Барон ва Абдурозиқ ба куҷо мерасад, бештар изҳори ташвиш мекарданду ғам мехӯрданд, то ба сарнавишти сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддини Айнӣ. Қарори маълум, дар ҳамин шабу рӯзи авҷи ҷанҷоли Барону шогирдаш масъалаи кӯчондани осорхонаи Айнӣ ҳам дар байн уфтода буд.

КӢ КИРО “КИДАТЬ” КАРД? АБДУРОЗИҚ АЗ БАРОН ҶУДО ШУД (2 ВИДЕО)

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button