ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ 3 НАФАР ДАР 3 САДАМА ДАР ДАНҒАРА, ШАҲРИНАВ ВА РАШТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки дар се садамаи ду рӯзи охир дар роҳҳои ин кишвар 3 нафар, аз ҷумла як кӯдаки соли таваллудаш 2012 ба ҳалокат  расида, дастикам 4 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Бино ба иттилои ВКД, шаби 18 ноябр, тахминан соати 20:30, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Гулов Алӣ Гургакович, соли таваллудаш 1962, сокини ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Ҳамадонӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб дар ҳудуди ҷамоати деҳоти И.Шарифи ноҳияи Данғара аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, ба қафои мошини тамғаи “Мерседес-Бенс”, ки ба Шукуров Нуриддин Амонович, соли таваллудаш 1993, сокини ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъ тааллуқ дошта, дар канори рости роҳ дар ҳолати ист қарор дошт, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири мошини тамғаи “Опел-Астра”, Назирматова Салима Ашӯралиевна, соли таваллудаш 1983, сокини ҷамоати деҳоти Панҷрӯди ноҳияи Ҳамадонӣ ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расида, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Гулов А.Г. ва мусофиронаш Қодирова Шамъигул Амоновна, соли таваллудаш 1970, ноболиғ Назирмадов Муслиҳиддин Фирӯзович, соли таваллудаш 2007, сокинони ҷамоати деҳоти Панҷрӯди ноҳияи Ҳамадонӣ ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.


Мутаассифона, 19-уми ноябри соли 2021, тахминан соати 20:30-дақиқа, ронандаи мошини боркаши тамғаи “Шаанхи”, Хушмуродов Абдусалом Насруллоевич, соли таваллудаш 1957, сокини ҷамоати деҳоти М.Турсунзодаи шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе -Турсунзода дар ҳудуди ҷамоати Шаҳринави ноҳияи Шаҳринав аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Олимова Маҳбуба Ҳасановна, соли таваллудаш 2012, сокини ҷамоати деҳоти А.Ҳасанови ноҳияи мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа, ноболиғ Олимова М.Ҳ. ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, рӯзи 19-уми ноябри соли 2021, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи мошини тамғаи “ВАЗ-21061”, Азимов Маҳмадраҷаб Маҳмадраҳимович, соли таваллудаш 1962, сокини ҷамоати деҳоти Қалъанаки ноҳияи Рашт, ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи автомобилгард, воқеъ дар мавзеи Хирмани болои деҳаи Шаҳринави ҷамоати деҳоти Қалъанаки ноҳияи Рашт аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба санги канори роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи мошини мазкур Азимов М.М. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири мошини тамғаи “ВАЗ-21061”, Сангакова Бибиҳаво Ёқубовна, соли таваллудаш 1976, сокини ҷамоати деҳоти Каланаки ҳамин ноҳия ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо роҳҳои хатарнок ба шумор мераванд. Дар умум ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои ин ҷумҳурӣ садҳо нафар ҳалок ё маҷруҳ мешаванд. Аз ҷумла соли 2020 бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон 375 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 нафар маъюб шудаанд. Дар нимаи аввали соли 2021 дар роҳҳои Тоҷикистон 151 нафар дар садамаҳои нақлиётӣ ҷон бохтаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button