АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ЧИРИКИҲОИ ҶАБҲАИ МУҚОВИМАТ ЯК ФАРМОНДЕҲ ВА 5 ҶАНҶӮИ ТОЛИБОНРО КУШТААНД (4 АКС)

Чирикиҳо (партизанҳо)-и  Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон рӯзи 19 ноябр дар натиҷаи як шабехун дар водии Андаробҳои вилояти Бағлон як фармондеҳи  Толибон бо номи Мавлавӣ Низомиро ҳамроҳ бо 5 ҷангҷӯи зери дасташ ба ҳалокат расондаанд. Дар ин бора хабаргузории русии “Спутник Афғонистон”   бо нашри чанд акси фармондеҳи кандаки қирмизи ҳаракати Толибон ва дигар ҷангҷӯёни кушташуда хабар дод.

Ба гуфти манобеи ин хабаргузорӣ, мошини Мавлавӣ Низомӣ дар ноҳияи Деҳи Салоҳи водии Андаробҳо дучори шабехуни чирикиҳои Ҷабҳаи муқовимат шудааст.

Дар натиҷаи задухӯрди кӯтоҳ Мавлавӣ Низомӣ ва ҳамаи 5 ҷангҷӯе, ки ӯро ҳамроҳӣ мекарданд, кушта шудаанд.

Мавлавӣ Низомӣ зодаи вилояти Кундуз буда, барои саркӯб кардани нирӯҳои Ҷабҳаи муқовимат аз тарафи Толибон ба водии Андаробҳо сафарбар шуда буд.

Водии Андаробҳо, ки се ноҳияи вилояти Бағлонро дар бар мегирад, дар баробари вилояти Панҷшер яке аз пойгоҳҳои асосии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба раҳбарии Аҳмади Масъуд, фарзанди Аҳмадшоҳи Масъуд, ки ба зидди режими нави Толибон меҷангад, ба шумор меравад. Аксари аҳолии Андаробҳо ва ҳамин тавр, меҳвари нирӯҳои Ҷабҳаи муқовиматро тоҷикони Афғонистон ташкил медиҳанд.

Ҷангҷӯёни Толибон, ки дар нимаи аввали моҳи август дар байни ҳамагӣ чанд рӯз қариб тамоми қаламрави Афғонистон ғасб карданд, танҳо рӯзи 7 сентябр, 3 ҳафта баъди тасарруфи боқӣ қаламрави Афғонистон тавонистанд вориди дараи Панҷшер шаванд ва қисматҳои водии ин вилоятро ба даст биоранд. Вале Ҷабҳаи муқовимат мегӯяд, назорати 23 дараи кӯҳистонии Панҷшер ва қисматҳои бузурге аз Андаробҳоро дар дастони худ ҳифз кардааст.

Тоҷикистон аз ангуштшумор кишварҳоест, ки аз Ҷабҳаи муқовимат ва Аҳмади Масъуд пуштибонӣ мекунад ва сароҳатан гуфтааст, ки агар дар ҳукумати нави Афғонистон ба тоҷикҳо ҷойгоҳи шоиста дода нашавад, ҳукумати Толибонро эътироф нахоҳад кард.

Аҳмади Масъуд, ки пуштибонии фарогиртари байналмилалӣ аз муборизааш ба зидди Толибонро меҷӯяд,  дар аввали моҳи ноябр ба Машҳад сафар кард ва бо роҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ва волии собиқи Ҳирот Исмоилхон мулоқотҳо доштааст. Дар бораи натиҷаҳои ин мулоқотҳо то ҳол маълумоте ба даст нарасидааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button