ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

9 СОЛ ҲУКМИ ИЗЗАТ АМОН БА ИҶРО ДАРОМАД, ӮРО АКНУН АЗ СИЗО БА МАҲБАС МЕФИРИСТАНД

Дар котиботи додгоҳи шаҳри Душанбе  ба наздикони Иззат Амон гуфтаанд, ки баъди рад шудани шикояти онҳо аз сӯи Додгоҳи олӣ,9 сол ҳукми зиндони ин ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони  тоҷик қувваи қонунӣ гирифт ва рӯзҳои наздик ӯро аз боздоштгоҳ (СИЗО) ба маҳбас интиқол медиҳанд.

Маҳмадюсуф Холов, писари Иззат Амон рӯзи 20 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки то охир ба афв ва озод шудани падараш умедвор буд, вале ҳеҷ маълумаш нашуд, ки чаро нисбат ба падараш қонуни афв татбиқ нашуд?  “Масъалаи қарзи 232 сомонӣ ҳамчунон норӯшан монд ва нафаре, ки ба додгоҳ омада дар масъалаи гирифтани маблағ ҳарф мезад, бо сабабҳои барои мо номаълум ҳозир нашуд”,  – гуфтааст писари Иззат Амон.

 Ба гуфтаи ӯ, қарор буд , адвокат Саидбурҳон Шарипов рӯзи 20 ноябр дар боздоштгоҳ бо Иззат Амон мулоқот мекард, вале ба ӯ иҷозаи ворид шудан надодаанд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 16 ноябр 9 сол ҳукми зиндони ин ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷикро бетағйир боқӣ гузошт. Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 19 октябр Иззат Амонро дар қаллобӣ гунаҳкор дониста, ба 9 соли зиндон маҳкум карда буд. Вале наздикони ин ҳомии ҳуқуқ ҳукми вайро хеле сангин ва барои пардохтношуда боқӣ мондани ҳамагӣ 232 сомонӣ “зарар” аз ҳаққи афв маҳрум кардани Иззат Амонро ноодилона номида, аз Додгоҳи олӣ бозбинии онро тақозо доштанд.  Бисёриҳо ҳукми Иззат Амонро сиёсӣ мешуморанд ва мегӯянд, аксари даъвоҳои “қаллобӣ” ба зидди ӯ ташкилшуда ба назар мерасанд.

Маҳмадюсуф Холов  гуфта буд, шикояти онҳо дар Додгоҳи олӣ рӯзи 16 ноябр бидуни ҳузури падараш баррасӣ шуд. “Додрас ҳукмро бетағйир гузошт. Вакили мудофеъ гуфт, ки Додгоҳи Душанбе зерҳимояашро бе далел ба 9 сол зиндон маҳкум кардааст. Дар посух гуфтанд, аз Вазорати корҳои дохилӣ маълумотнома биёред, ки нисбати Иззат Амон парвандаи дигаре кушода шудааст ё не?” –  гуфта буд писари Иззат Амон.

Иззат Амон, ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик, дар аввали моҳи март аз шаҳрвандии Русия маҳрум гардонда шуда,  рӯзи 25 март ба таври мармуз аз Маскав ғайб зад. Рӯзе баъд ВКД Тоҷикистон эътироф кард, ки Иззат Амон дар Душанбе боздошт шудааст ва ба қаллобӣ айбдор мешавад.

19  октябр, дар ҳоле ки интизор мерафт, Иззат Амонро бар асоси афв озод кунанд,  додгоҳи Душанбе пардохт нашудани 232 сомонӣ пули даъвои касеро баҳона карда, ӯро аз имкони афв маҳрум ва ба 9 соли зиндон маҳкум кард.

Қувваи қонун гирифтани ҳукми Иззат Амон дар ҳолест, ки бино ба хабарҳо, ҳоло дар Русия, шикори онҳое, ки дар вақташ бо ӯ ҳамкорӣ мекарданд, шурӯъ шудааст.

Маркази тоҷикони шаҳри Маскав, созмоне, ки Иззат Амон то истирдодаш ба Тоҷикистон роҳбарӣ мекард, тақрибан як моҳ боз аз фаъолият бозмондааст.

Ахиран Муҳаммадхон Эгамов, як нафаре, ки соли 2020 бо мошинаш барои ба муҳоҷирони дар пандемия бекормонда расондани кумакҳои ғизоӣ ба Маркази тоҷикон ёрӣ мерасонд, боздошт шуда, дар интизори баррасии парвандаи истирдодаш дар СИЗО №4 дар ноҳияи Медведковои шаҳри Маскав нигоҳ дошта мешавад.

Адвокати шинохта Шуҳрат Қудратов ва Суҳроби Ҷаҳон, яке дигар аз ёрони Иззати Амон низ мегӯянд, дар бораи истирдодашон ба Тоҷикистон аз манобеи мувассақ маълумот гирифтаанд.

Чанд нафари дигар аз онҳое, ки бо Иззат Амон дар гузашта ҳамкорӣ доштаанд, низ дар суҳбат  бо “Бомдод” гуфтанд, ки ба мулоҳизаҳои бехатарӣ ҳоло худро пинҳон кардаанд ва роҳҳои аз Русия баромадан ва паноҳ бурдан ба кишварҳои амнтарро меҷӯянд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button