ВидеоМинтақа ва ҷаҳонХабарҳои кӯтоҳ

УСТОДИ ДОНИШГОҲИ ФАРҒОНА ДАР ҚИМОР 5 ҲАЗОР ДОЛЛАРРО БОЙ ДОДА, ХУДРО БА ДОР ОВЕХТ

Устоди Донишгоҳи давлатии Фарғона дар Ӯзбекистон рӯзи 18 ноябр худро дар қабристони наздикии хонааш ба дор овехтааст. Сомонаи маҳаллии UzNews.uz хабар дод, ки устоди донишгоҳ баъди дар қимори тотализатор  бой додани маблағи бузург даст ба ҷони худ задааст.

Сухангӯи Додситонии кулли Ӯзбекистон Ҳаёт Шамсутдинов ба UzNews.uz гуфтааст, ки дар ҷараёни тафтиш маълум шуд, ки устоди Донишгоҳи Фарғона Раҳмонов Б.К. тавассути Интернет дар як ширкати букмекерӣ пули калон гузошта, бой додааст.

Маълум шудааст, ки ӯ 57 миллион сӯми ӯзбекӣ (тақрибан 5 ҳазор доллар) пул қарз гирифта, ҳамаи ин пулҳоро дар қимор бой додааст. Ҷасади ӯро рӯзи 18 ноябр аз як қабристони воқеъ дар наздикии хонааш пайдо кардаанд. Тафсилоти дигари ҳодиса дастрас нест.

Дини Ислом қиморбозӣ, аз ҷумла пул гузоштан дар тотализаторро манъ кардааст. Вале бо ин вуҷуд дар аксари кишварҳои мусалмонӣ ба таври пинҳонӣ ё озод ширкатҳои зиёди қиморбозӣ фаъолият доранд. Бо пайдо шудани майдонҳои интернетӣ, мардум метавонанд дар тотализаторҳои байналмилалӣ низ ба сурати онлайн пул гузоранд.

Вақтҳои охир дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ, ҳазорон нафар ба ширкатҳои қимор ва букмекерӣ дода шуда, дар пайи ба даст овардани даромади муфт, маблағҳои бузург, бархе ҳатто ба умеди фоида ҳатто мошину хонаҳои худро ба қимор мегузоранд. Маврдҳое, ки касе аз қимор сарват ба даст оварда бошад, агар ҳатто бошанд, ангуштшуморанд. Вале дар аксари кулли ҳолатҳо, онҳое, ки чунин риск мекунанд, ду даст дар бинӣ, яъе бе хонаю дару мошин дар кӯча мемонанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button