ВидеоХабарҳои кӯтоҳҶомеа

КУМАКИ ШИРКАТИ “ZET-MOBILE” БА БЕШ АЗ 100 КӮЧАРӮБ ДАР ХУҶАНД (38 АКС)

Субҳи барвақти 19 ноябр, ки айни авҷи кори кӯчарӯбону покизакорон дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд буд, кормандони ширкати мухобиротии “Zet-Mobile” бо қаҳваи гарм ва бастаҳои кумакҳои ғизоӣ ба зиёрати онҳо омадаанд.

Дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд гуфт, “субҳи солеҳони 19 ноябр  аз ҷониби масъулин ва кормандони “Zet-Mobile” бахшида ба Рўзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиёда аз 100 нафар рўбандаю покизакорони шаҳр кўмакҳои ғизоӣ тақдим карда шуд. Ҳамзамон ба рўбандаю покизакорон барои хўроки саҳарӣ қаҳваи гарм бо нону сир ва ҳасиб ва барои фаъолияти рўзмаррашон низ дастпӯшакҳо тақдим карда шуд.”

Бино ба иттилои ин манбаъ, бастаи кумакҳои “Zet-Mobile” аз маводи ниёзи аввалия,  аз ҷумла орд, шакар, равған, биринҷ, макарон, марҷумак, чойи хушк ва маҳсулоти дигар иборат буда, намояндагони “Zet-Mobile”  зимни тақдими ин кумакҳо бо кӯчарӯбону покизакорони Сарраёсати ободонии шаҳри Хуҷанд гуфтаанд, ки тозагию хуррамии шаҳр аз заҳмати онҳо хеле вобаста аст.

“Бахусус дар замони паҳншавии бемориҳои сироятӣ мо бояд дар ҷодаи ободонию тозагӣ масъулияти бештарро ҳис намоем”, – гуфта мешавад дар иттилоия.

Рӯбандагону покизакорон барои ин кумаки барояшон ғайричашмдошт изҳори сипос кардаанд.

Дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд аксҳои зиёди кӯчарӯбонро финҷонҳои қаҳва ва бастаҳои кумакҳои “Zet-Mobile” дар даст нашр кардааст.

Ширкати “Zet-Mobile” соли 2018 ширкати телефонҳои мобили “Билайн Тоҷикистонро” харид ва “Билайн” инак се сол боз бо ҳамон бренди қаблӣ, вале таҳти идораи “Zet-Mobile” фаъолият дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button