ВидеоНомаҳо ба президентТаърихТоҷикистонЧеҳраҳо

ФАРМОНИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ: ОСОРХОНАИ АЙНӢ БОЯД ДАР ҶОЯШ БИМОНАД!

Сомонаи расмии шаҳри Душанбе хабар дод, ки шаҳрдори пойтахт ва раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ  “ба пешниҳоду дархостҳо ва ибрози андешаи як зумра олимону нависандагони кишвар дар робита ба кӯчонидани Хона-музейи адиб, олим, сардафтари адабиёти муосири тоҷик, аввалин Президенти Академияи илмҳо ва қаҳрамони Тоҷикистон – Садриддин Айнӣ, воқеъ дар кӯчаи Ҳамза Ҳакимзодаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таваҷҷуҳ намуда… вобаста ба масъалаи мазкур дастур доданд, ки Хона-музей бартараф карда нашуда, нигоҳдошти минбаъдаи он таъмин карда шавад.”

Бино ба иттилои шаҳрдорӣ, Рустами Эмомалӣ ҳамчунин ба сохторҳои дахлдор супориш додааст, ки “гирду атрофи осорхона ободу зебо нигоҳ дошта шуда, мунтазам корҳои сабзкориву гулзоркунӣ амалӣ карда шавад.”

Рустами Эмомалӣ ба ин тартиб, ба масъалаи кӯчондани осорхонаи Айнӣ, ки чанд рӯз боз ҷомиаро, бахусус равшанфикрони тоҷикро ба ташвиш оварда буд, нуқта гузошт. Равшанфикрон, тавре аз вокунишҳояшон ба назар мерасад, ин тасмимро хуш истиқбол карданд.

Ақли солим пирӯз шуд. Худоро шукр!”, навиштааст нависандаи тоҷик Қодири Рустам.

Ёдовар мешавем, рӯзи 11 ноябр «Азия-Плюс» бо такя ба як манбаи наздик ба осорхонаи Садриддин Айнӣ хабар дод, ки ҳоло дар пойтахти Тоҷикистон  масъалаи чаппа кардани ин осорхонаи сардафтари адабиёти шӯравии тоҷик баррасӣ  шуда истодааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, аз номи муовини аввали шаҳрдори Душанбе Амирхон Қурбонзода ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо чунин мазмун нома омадааст.

 “Дар нома гуфта мешавад, ки осорхона ба Генплани шаҳр мувофиқ нест ва гӯё манзараи атрофро безеб мекунад. Маълум нест, ки дар ҷои осорхонаи Айнӣ чӣ биное сохтанианд”, – гуфтааст ин манбаъ.

Бино ба санаде, ки нусхаи он ба дасти Радиои Озодӣ расид, муовини аввали шаҳрдор, Амирхон Қурбонзода аз раиси Академияи миллии илмҳо хостааст, “ҷиҳати кӯчондан ва ҷойгир кардани осорхона… мусоидат намоед.”

Дар посух Фарҳод Раҳимӣ, раиси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, навиштааст, “Академия мувофиқи мақсад медонад, ки аввал Осорхонаи нави Садриддин Айнӣ ба таври замонавӣ сохта шуда, сипас, нигораҳои осорхонаи мавҷуда ба он ҷо кӯчонда шавад.”

Аммо Шамсиддин Муҳаммадиев – муовини раҳбари Пажуҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ гуфт, вақте ин масъала дар Шӯрои илмии Пажуҳишгоҳ ҳам баррасӣ шуд, “олимон мухолифи тахриб ё кӯчондани осорхона баромаданд. Ба ин далел, ки ин ягона хотира аз Айнист”.

Дар пайи мавҷи эътирозҳо дар матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ, шаҳрдорӣ муроҷиаташ ба Академияро тасдиқ кард, вале гуфт, фақат машварати олимонро дар мавриди кӯчондани ин осорхона ба “ҷои муносиб пурсидааст. Шаҳрдорӣ афзуд, масъалаи мазкур ҳанӯз ҳалли ниҳоии худро наёфтааст ва он дар марҳилаи омӯзиш қарор дорад.

Осорхонаи Айнӣ дар маркази Душанбе соли 2018 дар арафаи 140-солагии ӯ тармим шуда буд.  

Садриддин Айнӣ барои саҳмаш дар рушди адабиёт ва забони тоҷикӣ ва дар таъсиси ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори унвони Қаҳрамони Тоҷикистон шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button