ВидеоХабарҳои кӯтоҳҶомеа

ДАР ДУШАНБЕ ДУ МАРДРО БАРОИ ЛАТТУКӮБИ ЗАНҲОЯШОН ҲАБС КАРДАНД (2 АКС)

Маркази матбуоти РВКД Душанбе хабар дод, ки ду сокини пойтахти Тоҷикистон барои зӯроварӣ нисбат ба ҳамсаронашон ба  5-шабонарӯзӣ ҳабси маъмурӣ маҳкум шудаанд.

Аз ҷумла, дар натиҷаи санҷиш ва баррасии муроҷиати як зан аз ҷониби нозирони пешгирии зӯроварӣ дар оилаи мақомоти милитсияи пойтахт дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур як ҳолати хушунати оилавӣ ошкор карда шудааст.

“Муайян гардид, ки шаҳрванд Муқумов Ҳасан Собирҷонович, санаи таваллудаш 19.07.1979, истиқоматкунандаи ш. Душанбе, кӯчаи Восеъ-111, нисбати собиқ ҳамсари худ амалу рафтори хушунатоварро истифода мебурдааст. Чунончи номбурда санаи 15-уми ноябри соли ҷорӣ нисбати собиқ ҳамсари худ амалу рафтори хушунатоварро истифода карда, боиси озори ҷисмониву равонии ҷабрдида гардидааст”, – гуфта мешавад дар иттилоия.

 Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба дастгиршуда Муқумов Ҳасан тибқи талаботи моддаи 93, иловаи 2-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани талаботи амрномаи муҳофизатӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда,  бо ҳукми додгоҳ нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз татбиқ карда шуд.


“Инчунин дар натиҷаи санҷиши муроҷиати як зани дигар аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Ҷайлобов Амоналӣ Қурбоналиевич, санаи таваллудаш 01.08.1985, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Р.Каримов дастгир карда шуд. Зимни пурсиш муайян карда шуд, ки номбурда санаи 16-уми ноябри соли ҷорӣ дар ҳолати мастӣ бо ҳамсари худ муноқиша намуда, нисбати ӯ зуровариро истифода кардааст”, – хабар медиҳад милитсияи пойтахт.

Нисбат ба Ҷайлобов Амоналӣ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори додгоҳ нисбати ӯ низ ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъин карда шуд. РВКД Душанбе мегӯяд, дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ бо ҳадафи баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, пешгирии хушунат ва зӯроварӣ дар оила, аз байн бурдани муноқиша ва нофаҳмиҳои оиладорӣ мақоми нозирони пешгирии зӯроварӣ дар оила таъсис дода шуда, дар натиҷаи фаъолияти  онҳо ва дигар мақомоти милитсия ҳодисаҳои зиёди хушунату зӯроварӣ дар оила ошкор ва нисбати поймолкунандагони ҳуқуқу манфиатҳои занон чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шуда, оилаҳои зиёде аз хатари ҷудошавӣ наҷот дода шудаанд.

Муқумов Ҳасан

Ҷайлобов Амоналӣ

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button