ТОҶИКИСТОН БОЗ БА РӮЙХАТТИ СИЁҲИ АМРИКО АФТОД

Амрико дигарбора Тоҷикистонро ба рӯйхатти сиёҳи кишварҳои мавриди нигаронии хоси Амрико дар бобати вайрон кардани озодиҳои динӣ шомил кард. Тоҷикистон инак 5 сол боз дар ин рӯйхатти сиёҳ қарор дорад. Ин рӯйхатти сиёҳ эъмоли таҳримот ба зидди кишварҳои поймолкунандаи озодиҳои диниро аз ҷониби Вашингтон дар назар дорад, вале вазорати хориҷаи Амрико ҳар дафъа бо “дарназардошти манфиатҳои стратегии Амрико” ҷорӣ кардани таҳримот ба зидди мақомоти Тоҷикистонро ба қафо меандозад.
Вазири корҳои хориҷии Амрико Энтони Блинкен рӯзи 17 ноябр дар меҳмонхонаи “Серена” дар шаҳри Найроби, пойтахти Кения, эълон кард, ки ба рӯйхатти сиёҳ 10 кишваре шомил карда шуданд, ки ”ба таври мунтазам, давомдор ва дағалона даст ба поймол кардани озодии эътиқод мезананд ваё нисбат ба чунин ҳолатҳо таҳаммул нишон медиҳанд.”
Ба рӯйхатти сиёҳ дар баробари Тоҷикистон ҳамчунин Хитой, Русия, Мянма, Кореяи шимолӣ, Арабистони Саудӣ, Эрон, Эритрея, Туркманистон ва Покистон шомил шудаанд. Русия бори аввал ба рӯйхатти сиёҳи Амрико афтод, вале кишвари африқоии Нигерия, ки соли гузашта дар рӯйхатти сиёҳ буд, имсол ба далели пешрафташ дар ин ислоҳи вазъ аз рӯйхат берун карда шудааст.
Блинкен гуфт: “Дар гӯшаҳои зиёде дар саросари олам мо ҳамчунон дида истодаем, ки давлатҳо одамонро фақат барои онки мехоҳанд мутобиқ ба эътиқоди худ зиндагӣ кунанд, таъқибу таҳдиду зиндонӣ мекунанд ва ҳатто мекушанд.”
Вазорати корҳои хориҷии Амрико моҳи май дар гузориши солонааш дар бораи вазъи озодиҳои динӣ дар кишварҳои дунё, Тоҷикистонро барои поймол кардани озодиҳои мазҳабии мардумаш ба боди интиқод кашида буд. Тоҷикистон инак 5 сол боз ба рӯйхатти кишварҳои мавриди нигаронии хоси Амрико дар бобати вайрон кардани озодиҳои динӣ шомил мешавад ва танҳо “манфиатҳои стратегии Амрико” то кунун сабаб шудааст, ки Вашингтон аз ҷорӣ кардани таҳримот нисбат ба Душанбе худдорӣ кунад.
Гузоришу арзёбиҳои вазорати хориҷаи Амрико бар пояи арзёбиҳои комиссияи байналмилалии озодиҳои мазҳабӣ аст, ки инак чанд сол боз паиҳам ба вазорати хориҷа эъмоли таҳримот ба зидди мақомоти Тоҷикистонро ба далели вайрон ва маҳдуд кардани озодиҳои динии мардум пешниҳод мекунад.
Мақомоти Тоҷикистон маъмулан арзёбиҳои ниҳодҳои расмии Амрикоро рад мекунанд ва исрор меварзанд, ки ҳуқуқи динии мардум дар Тоҷикистон бидуни каму кост риоя мешавад.
Аммо комиссияи байналмилалии озодиҳои динии Амрико дар арзёбиҳои имсолааш чунин ҳолатҳои поймол ё маҳдуд кардани ҳуқуқи мазҳабии мардум дар Тоҷикистонро зикр карда буд:
- (а) халал расонидан ба таъини имомҳо ва ба интихоби мавзуъ ва мундариҷаи мавъизаҳои онҳо;
- (б) назорат аз болои китобҳо ва дигар маводи динӣ;
- (в) талаботи иҷозати давлат барои гирифтани таҳсилоти динӣ дар хориҷа;
- (г) манъи вуруд ба масҷид барои онҳое, ки хурдтар аз 18-сола ҳастанд;
- (ғ) муқаррарот дар бораи сабтиноми ташкилоти динӣ;
- (д) муқаррарот дар мавриди пӯшиши либос дар ҷашнҳои анъанавӣ ё динӣ ва манъи баъзе либос, ба монанди ҳиҷоб;
- (е) маҳдудиятҳо нисбат ба ақаллиятҳои динии масеҳӣ, аз ҷумла “Шоҳидони Яҳво”.