ФарҳангЧеҳраҳо

КӢ КИРО “КИДАТЬ” КАРД? АБДУРОЗИҚ АЗ БАРОН ҶУДО ШУД (2 ВИДЕО)

Барон (Беҳрӯзи Шариф), рэпсарои шинохта ва раҳбари канали “Авлод Медиа” шаби 17 ноябр бо нашри як видеои 43-дақиқагӣ эълон кард, ки “аз ҳамин рӯз иборатан Абдурозиқ дигар бо мо нест,  ӯ ба бародарони тоҷикаш хиёнат кард.”

Барон гуфт, Абдурозиқ ва падараш ба ваъдаҳои осмонии арабҳо, аз ҷумла Ясмин ном зане фирефта шудаанд, ки гуфтаанд, барои Абдурозиқ дар Дубай хона мехаранд.

Дар видео Барон суҳбатҳои телефониаш бо падари Абдурозиқро ҳам нашр кардааст, ки чӣ гуна падари Абдурозиқро ҳушдор медиҳад, ки писарашро продюсерҳои араб фиреб дода истодаанд. Вале Барон наметавонад розигии падари Абдурозиқро ба даст оварда, вайро аз Дубай ба Душанбе баргардонда, биорад. Дар ниҳоят, Барон маҷбур мешавад худаш танҳо, бе Абдурозиқ баргардад ва эълон кунад, ки роҳҳои онҳо дигар ҷудо шуданд.

Ӯ мегӯяд, Абдурозиқро мисли додару ҳатто фарзанд нигоҳубин мекард ва аз инки дигар якҷо нестанд, гиряаш омад. “Вале ман тайёрам ҳатто пул диҳам, то даруни инсонҳоро бифаҳмам, ки дар дилашон чӣ гап аст. Хуб шуд, ки ҳама чӣ аён шуд ва Абдурозиқу падараш маълум карданд, ки дар дилу нияташ чӣ ҳаст? Ман хеле мехоҳам, ки фиребаш накунанд ва дар ҳақиқат дар Дубай соҳиби хона шавад”, – гуфт Барон, вале афзуд, ки ба самимияти Ясмин, зане, ки ҳоло Абдурозиқро ба тарафи худ кашида истодааст, итминон надорад.

Абдурозиқ ба ин паёми тӯлонии видеоии Барон бо як паёми кӯтоҳ ҷавоб дод ва дар он Барон ва “Авлод Медиа”-ро ба тахаллуф дар муомилоти пулӣ гунаҳкор кард.

 “Канӣ планшети ман, канӣ ноутбук? Канӣ 1 миллион рубли барои ҷанги ману Ҳасбик? Ман 100% гарантия медиҳам, ки дар дасти акаи Барон! Бори охир Маскав рафтем, 120 ҳазор сомониро дар корти акаи Шуҳрат гузаронданд. Кани он пулҳо? Ман ҳамин қадар сол чизе нагуфтам, бадӣ накардам. Аллоҳи меҳрубон медонад, киро бизанад!” – гуфт Абдурозиқ.

А.З., як продюсери тоҷик, ки ба далели ҳассосияти мавзӯъ ифшои номашро зарур надонист,  дар ниҳоят чунин ҷудоӣ афтодан байни Барону Абдурозиқро як амри мунтазира ва ҳатто то ҳадде ногузир донист: “Дар шоубизнес ба ҳам омадану баъдан аз ҳам ҷудо шудани ҳунармандону продюсерҳо зиёд мушоҳида мешавад. Ин вобаста ба чандин омил аст. Аз ҷумла шуҳрат. Вақте ҳунарманд шуҳраташ боло меравад, ҳатман ба фикраш меояд, ки продюсери кунуниаш нисбат ба ӯ, бахусус дар тақсими фоида беинсофӣ карда истодааст. Абдурозиқ ҳам дигар он Абдурозиқе нест, ки се сол пеш бачаҳои “Авлод Медиа” аз кӯҳистони Панҷакент ёфта, ба Душанбе оварданд. Шуҳрати вай, ба хусус баъди ҷанги нашудааш бо Ҳасбик ҷаҳонӣ шуд, Абдурозиқро дигар ба чорабиниҳои муҳими ҷаҳонӣ даъват мекунанд. Куртаи Барон ва “Авлод Медиа” дигар барои вай тангӣ карда истодааст феълан ва Абдурозиқ роҳҳои дигар меҷӯяд. Инки бо продюсерҳои нав вай мисле ки бо Барон комёб шуд, комёб мешавад ё не, инро вақт нишон медиҳад. Шуҳрат як чизи даргузар аст…”

Абдурозиқ, як овозхони ҷавони зодаи Панҷакент аст, ки 17 сол ва ҳамагӣ  1 метр қаду 17 кило вазн дорад. Ӯ бо сурудхониаш дар бозори Панҷакент ном баровард ва ду сол пеш репсарои шинохта Барон (Беҳрӯзи Шариф) Абдурозиқро ба Душанбе оварда, таронаҳояшро тавассути студия ва канали “Авлод Медиа” сабт ва нашр кард. Ҳоло таронаҳои Абдурозиқ дар Ютуб ҳар кадом  то чанд миллион тамошобин ҷамъ меоранд.

Шуҳрати ин овозхони навраси тоҷик ду моҳ пеш дар пайи эълони ҷангаш бо блогери низ хурдҷусса аз Доғистон Хасбулло (Хасбик) ба берун аз Тоҷикистон роҳ ёфт. Он ҷанг дар ниҳоят доир нашуд, вале овозаи Абдурозик чунон оламшумул шуд, ки ӯро акнун ба ҷашну тантанаҳои байналмилалӣ даъват мекунанд ва ҳатто ошпази машҳури турк Бурак бо Абдурозиқ якҷо гамбургери бузурге пухт, ки аз Абдурозиқ ҳам калонтар буд. Моҳи август мақомоти Имороти Муттаҳидаи Араб ба Абдурозиқ визаи тиллоӣ тақдим карданд. Ӯ бо ин виза метавонад 10 сол дар ҳудуди Иморот, аз ҷумла дар Дубай ва Абу Забӣ бидуни виза кору иқомат кунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

10 Comments

  1. Абдурозик кори хато мекунад.Барон уро то ба ин мартаба овард .Хаки устод аз падар беш .

    1. худованд агар дасти камбагалро дароз кунад як хелаш аз дустон ва хато аз наздикону пайвандони худаш окибат мегузарад як бор хамон сабтхой пешинаашро ба ёд биёрад ки буд вай худаш чавон беакл ман хайрони падараш хастам

    2. Дасти х,ар нокас нагир дар нимарохи зиндаги як кадам пеш аз монад,пешпояд медихад,Маънии ин суханхост.

    3. Дасти х,ар нокас магир дар нимарохи зиндаги,Як кадам пеш аз ту монад пешпояд медихад.!!!Маънии ин суханхо Розик

  2. Абдурозиқ ин комментарияро хони агар як фикр кун. Ту ҳамшаҳри ман ҳасти аз барои худо хато мекуни. Як фикр кун. Пускай Барон фиреб кард ба Аллоҳ супор.Агар Барон ҳақ набошад Аллоҳ ҷазоша метияд. Лекин ту да намакдон туф карда корат бенур мешад худо агар таъфиқ тияд ҳис мекуни. Ҳоло ҳам дер нашудааст. Ясмин феребут медиҳад дер мешад дееееер мешад. Ақлата кор фармо. Аллоҳ донову ҳаким аст.

  3. Абдурозиқ кори хато карда истодааст. Ӯ агар нахоҳад бо Беҳруз кору фаъолият кардан бо гапи дигарон нею худаш ақлашро кор фармуда, омада бо Беҳруз менишаст аз нахостани фаъолияти ояндааш бо овардани далелҳо сӯҳбат мекард. Ман ҳамаи роликро тамошо кардам ба ҳамин хулоса омадам. Ки ҳақ ва кӣ ноҳақ. Абдурозиқ бояд фикр мекард, ки будию чӣ шудӣ. Сабаби пешравиат ба фикри ман худи Беҳруз мебошад. Беҳруз барои Шумо устод ҳаст.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button