ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ДАР ДУШАНБЕ БАРФ ЯК ДАРАХТРО БОЛОИ МОШИН ЧАППА КАРД

Рӯзи 17 ноябр дар бисёре аз минтақаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла дар пойтахташ, шаҳри Душанбе барф борид ва ин кори хадамоти имдодиро хеле бештар кард.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки наҷотбахшонаш дар Душанбе тайи рӯзи гузашта ду дафъа ба кумаки сокинон шитофтаанд.

 “Занги аввал аз як сокини Душанбе рӯзи 17 ноябр, соати 17:38 расид. Ӯ хабар дод, ки дар кӯчаи Аминҷон Шукӯҳӣ ба болои мошинаш ба сабаби боридани барф як дарахт чаппа шудааст. Дар натиҷаи чаппа шудани дарахт мошини тамғаи “Toyota-Camry” қисман осеб дидааст. Наҷотбахшон дарахти чаппашударо буриданд. Ҳангоми ин ҳодиса дар дохили мошин касе набудааст ва ин ҳодиса бидуни ягон зарари ҷисмонӣ анҷом ёфтааст”, – гуфта мешавад дар хабар.

Ҳамчунин рӯзи 17 ноябр як сокини кӯчаи Ойгул, бинои  № 11 ба КҲФ хабар додааст, ки таҳхонаи бинои онҳоро об пур мекунад. Наҷотбахшон ба ҷои ҳодиса рафта бо кумаки помпа обро аз таҳхогна берун кашида, роҳи обро маҳкам кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button