ВидеоСиёсатТоҷикистон

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ: ТАЪЙИНИ РАИСОНИ НАВИ КӮЛОБ, ЛЕВАКАНТ,ДӮСТӢ, НОСИРИ ХИСРАВ ВА МАСТЧОҲ

Фармонҳои расмӣ ҳанӯз нашр нашудаанд, вале сомонаи хабарии Pressa.tj хабар дод, ки рӯзи 17 ноябр шаҳрдори Кӯлоб Абулқодир Вализода, шаҳрдори Левакант Заррина Давлатзода,раиси ноҳияи Дӯстӣ Нурмуҳаммад Саидзода ва раиси ноҳияи Носири Хусрав Даврон Нишонзода аз вазифа озод карда шудаанд. Аз ин байн Даврон Нишонзода ба ҷои Саидзода раиси ноҳияи Дӯстӣ таъйин шуда, Маҳмадаюб Шарифзода ба ҷои Нишонзода раиси ноҳияи Носири Хусрав шудааст. Ҳамин тавр, Бахтиёр Назарзода, сардори раёсати молияи вилояти Хатлонро  ба ҷои Вализода шаҳрдори Кӯлоб ва муовини раиси ноҳияи Данғара Бунафша Файзиддинзодаро  ба ҷои Зарина Давлатзода шаҳрдори Левакант таъйин кардаанд. Рӯзи 17 ноябр ҳамчунин Аъзам Ализода, ки аз моҳи сентябр, дар пайи даргузашти Тоҳир Азиззода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ буд, раиси ин ноҳия таъйин шудааст.

Як манбаъ аз мақомоти шаҳри Кӯлоб ба Pressa.tj иттилоъ додааст, ки Вализода Абдулқодир аз вазифаи раиси шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон озод  ва ба ҷои ӯ Назарзода Бахтиёр раиси ин шаҳр таън шудааст. То ҳол маълум нест, ки Вализода Абдулқодир ба кадом вазифа таъин шудааст.

Назарзода Бахтиёр Худоёр, 1-июли соли 1969 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик мебошад. Ӯ солҳои 1991-2003 дар ду давра Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ва оли 2013 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, солҳо 2004-2016 раҳбари бахши молияи шаҳри Кӯлоб, солҳои 2016-2018 муовини сардор ва сардори Раёсати молияи минтақаи Кӯлоб  ва  аз моҳи апрели соли 2018 то имрӯз сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон буд.

Ҳамин тавр, бино ба иттилои манобеи Pressa.tj, Даврон Нишонзода, раиси ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон таъин шудааст. Ӯ то ин замон раиси ноҳияи Носири Хусрав буд. Як манбаъ аз мақомоти ноҳияи Дӯстӣ гуфт, ки Саизода Нурмуҳаммад, раиси ҳамакнун собиқи ноҳияи Дӯстӣ бо сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифаи раиси ноҳия озод шудааст.

Маҳмадаюб Шарифзода, раиси ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён ба ҷой Нишонзода Даврон раиси ноҳияи Носири Хусрав таъин шудааст.

Ҳамчунин Зарина Давлатзода, раиси шаҳри Леваканти вилояти Хатлон аз вазифааш озод шудааст.

Ба кадом мансаб таъин кардани ӯ то ҳол маълум нест. Як манбаъ аз мақомоти шаҳри Левакант ба Pressa.tj гуфтааст, дар толори ҳукумат муаррифии раиси нав идома дорад. Манбаи Pressa.tj гуфт, ки Бунафша Файзиддинзода раиси нави шаҳри Левакант таъин шудааст. Ӯ то ин замон муовини муовини раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон буд.

Ҳамин тавр, рӯзи 17 ноябр Ализода Аъзам Наврӯз, ки то ин вақт иҷрокунандаи раиси ноҳияи Мастчоҳ буд, раиси ин ноҳия таъйин шудааст.

Фармони Президент дар бораи раиси ноҳия таъйин намудани Ализода Наврӯз рӯзи 17 -уми ноябр содир шудааст, — гуфтааст манбаи Sputnik Тоҷикистон аз ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ.

Гуфта мешавад, ки Ализода Наврӯз ду моҳ инҷониб пас аз даргузашти раиси пешин Тоҳир Азиззода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия буд.

Ализода қаблан сардори Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Суғд буд. Ёдовар мешавем,  раиси собиқи ноҳияи Мастчоҳ Тоҳир Азиззода рӯзи 14 сентябр бар асари беморӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт. Ӯ ҳамагӣ 41-сол дошт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button