ВидеоИқтисодМуҳоҷирон

СОБЯНИН ХОСТОРИ КАМ КАРДАНИ МУҲОҶИРОН ДАР СОХТМОНҲОИ МАСКАВ ШУД

Шаҳрдори Маскав Сергей Собянин рӯзи 17 ноябр изҳор дошт, ки шумораи муҳоҷирон дар сохтмонҳои марбут ба барномаи реноватсия дар пойтахти Русия бояд кам карда шавад. Дар ин бора хабаргузории  РИА Новости хабар дод.

Собянин ҳангоми дидани як манзили нави тибқи ин барнома навсозишуда дар кӯчаи Бауман хитоб ба розбари ширкати сохтмонии “Крост Алексей Добишин гуфт: “Дигар навъи одамон, бо маошҳои дигар лозиманд. Муҳоҷирон, ки шумо имрӯз хеле фаровон дар ихтиёр доред, бояд кам карда шаванд. Бештар сокинони Русияро аз вилоятҳои атроф ҷалб кунед, маошро боло баред, шароити корро муҳайё созед”.

Добашин  ба навбати худ гуфт, ки “кор дар ин самт авҷ гирифта истодааст” ва дар як соли охир шумори коргарони хориҷӣ дар сохтмонҳои “Крост” 15% коҳиш дода шуд. Добашин гуфт, ҳоло ба коргароне, ки мутахассиси хубанд, аз 120 ҳазор то 150 ҳазор рубл маош медиҳанд. Сергей Собянин дар посух гуфт, “чунин маош барои сокинони Маскав аст, на барои муҳоҷирон.”

Ин бори аввал нест, ки мақомоти Маскав ба зарурати кам кардани муҳоҷирон дар соҳаи сохтмон таъкид мекунанд. Чанд рӯз пеш муовини шаҳрдори Маскав дар масоили шаҳрсозӣ ва сохтмон Андрей Бочкарёв дар мусоҳиба бо РБК изҳор дошт, ки мақомоти Маскав нақшаи батадриҷ ва дар оянда пурра даст кашидан аз истифодаи нирӯи кори муҳоҷиронро таҳия мекунанд.

 Муовини вазири рушди иқтисодии Русия Дмитрий Волвач гуфт, “албатта, маълум аст, ки ин корро якбора карда намешавад, вале талошҳое бояд дар соҳаи сохтмон дар умум ва аз ҷумла дар Маскав дар ин самт рӯи даст гирифта шаванд. Ман аз чунин ташаббус пуштибонӣ мекунам.”

 Собянин, ки худаш ҳам аслаш аз Маскав нест, балки аз Тюмен ӯро ба ин ҷо ба мақоми шаҳрдор овардаанд, қаблан аз муҳоҷирон ситоиш карда буд, ки солона ба буҷаи пойтахт Русия аз ҳисоби фурӯши патент 15 миллиард рубл даромад меоранд. “Ин хеле бештар аз пулест, ки ширкатҳои бузурги нафт ба буҷаи Маскав месупоранд”,   таъкид мекард вай.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button