ВидеоМуҳоҷирон

САФОРАТ: ҚУРБОНИЁНИ СӮХТОРИ СОЛНЕЧНОГОРСК АЗ ТОҶИКИСТОН НАБУДААНД

Сафорати Тоҷикистон дар Русия  иттилои нашршуда дар бархе расонаҳои Русия дар бораи ҳалоку маҷруҳ шудани муҳоҷирони тоҷик дар сӯхтори рӯзи 13 ноябр дар ноҳияи Солнечногорски вилояти Маскавро нашр кард.  “Сафорати Тоҷикистон аз мақомоти тафтишотии ноҳияи Солнечногорск муайян кард, ки ҳалокшудагон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд”, – гуфта мешавад дар изҳороти сафорат.

Бар асари сӯхтор дар кӯчаи Прибрежнаяи шаҳри Солнечногорск 4 нафар ба ҳалокат расида, ду нафари дигар маҷруҳ шуданд. Хабарнигори “МК”  хабар дод, ки сӯхтор соати 10 дар хобгоҳи коргарони сохтмони як иншоти аҳамияти федералӣ оғоз ёфта, ҳамаи қурбониён: ҳам 4 коргари ҳалокшуда ва ҳам ду нафари маҷрӯҳ муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон будаанд, ки баъди бозгашт аз басти корӣ дар қабати дуюми хобгоҳ истироҳат мекарданд. Баъдан расонаҳои дигари Русия хабар доданд, ки дар сӯхтори Солнечногорск шаҳрвандони Ӯзбекистон ҷон бохтаанд.

Бино ба фарзияи муқаддамотӣ сабаби сӯхтор эҳтимолан генератори гармидиҳандае шудааст, ки коргарон дар қабати якуми бино дар ҳолати фурӯзон монда рафтаанд. Ба иттилои “МК”, коргарон дар рӯи он ҷӯробу либосҳои худро хушк мекарданд.

“Соати ҳашти субҳ коргарон аз басти дуюм баргашта, дар қабати дуюми бино хоб рафтаанд. Вале коргароне, ки шаб дар қабати якуми бино зобида буданд, генератореро, ки дар рӯи он либосҳоеро, ки аз болои либоси корӣ мепӯшиданд, хушк мекарданд, фурӯзон монда рафтаанд. Наздики соати даҳи субҳ сӯхтор сар зад ва чор коргар, зодагони Тоҷикистон ба ҳалокат расида, ду нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Пои яке аз онҳо ҳангоми наҷот аз оташ осеб дидааст. Ҳамроҳи вай тарҷумонашон ҳам ба беморхона рафт, чунки ба вай ҳам ёрии табибон лозим шуд: марди бечора ҳангоми сӯхтор дуди зиёдеро нафас кашидааст”, – навишта буд “МК”.

Кӯчаи Прибрежная дар наздикии кӯли Сенеж ва худи Солнечногорск дар тақрибан 70-километрии шимолу ғарби шаҳри Маскав ҷойгир шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button