ВидеоРӯйдодҳои БадахшонСиёсатТоҷикистон

БОЗ ЯК ШАБИ ПУРТАШВИШ ДАР ХОРУҒ: САРНАВИШТИ МАМАДБОҚИР ЧӢ МЕШАВАД? (ВИДЕО)

Бино ба иттилои дарёфтӣ, шаби гузашта дар шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зоҳиран ором ва бидуни кадом ҳаводиси фавқулодда сипарӣ шуд, вале ташвишу нигарониҳо дар бораи вазъи амниятии ин минтақа дар ҳоли афзоиш аст.

Вазъ дар Хоруғ ва атрофи он дар пайи муноқишаи ахири байни кормандони милиса ва одамони Мамадбоқир Мамадбоқиров, яке аз лидерони ғайрирасмии Бадахшон, ки гуфта мешавад, рӯзи 14 ноябр дар як посгоҳи БДА сурат гирифт, буғранҷ шудааст.

Тарафдорони Мамадбоқир бар инанд, ки мақомот нақшаи боздошти ӯро дар сар доранд ва барои ин баҳона меҷӯянд. Ба ақидаи онҳо, муноқиша дар посгоҳ низ ба ҳамин мақсад буд.

Тарафдорони Мамадбоқир баъди он ҳодиса дар маҳаллаи Бархоруғ, ки ин лидери ғайрирасмии минтақа дар ҳамин маҳаллаи зиндагӣ мекунад ва аз нуфузи зиёде дар онҷо бархӯрдор аст, ва ҳамчунин дар маҳаллаи УПД, ки таҳти назорати одамони Имумназар Имумназаров қарор дорад, ба хотири пешгирӣ аз амалиёти вижа барои боздошти Мамадбоқир навбатдорӣ ташкил кардаанд ва дар сурати пайдо шудани мошинҳо ё афроди шубҳабарангез зуд ҳамаро хабар мекунанд.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, Мамадбоқир ҳамчунин дигар лидерони ғайрирасмии минтақа, аз ҷумла Толиб Аёмбеков ва Ёдгор Мамадасламовро даъват кардааст, то якҷо бишинанд ва вазъияти пешомадаро баррасӣ кунанд. Ҳанӯз посухи лидерҳои дигар ва каю дар куҷо ҷамъ шудани онҳо маълум нест.

Дар Хоруғ ҳамчунин сарусадоҳое паҳн шудаанд, ки гӯё барканории Ёдгор Файзов аз мақоми раиси ВМКБ низ ба қазияи Мамадбоқир Мамадбоқиров рабт дорад ва Файзов гӯё нақшаи боздошту зиндонӣ кардани ӯро хатарнок номида, напазируфтааст. То куҷо воқеият доштани ин фарзия рӯшан нест, вале инки дар ин авохир, бахусус баъди муноқиша бо кормандони милиса абрҳои тирае болои сари Мамадбоқиров ҷамъ шудаву торафт ғафстару ғафстар мешаванд, ба як амри яқин табдил ёфтааст.

Худи Мамадбоқир то ҳол дар бораи қазияи ахир изҳори назар накардааст, вале ба гуфтаи шоҳидон, ҳамон рӯз ӯ иттифоқан танҳо ҳаракат доштааст ва кормандони БДА мошини ӯро манъ карда, Мамадбоқирро гӯё барои онки маст мошин меронд, дастгир кардаанд. Баъди онки одамони вай пайдо шуда, лидерашонро аз дасти милисаҳо кашида гирифтанд, байни Мамадбоқир ва як мақоми бахши кофтукови ҷиноии РВКД Бадахшон мунозираи лафзӣ рух додааст ва дар посух ба суханони таҳдидомези афсари милиса Мамадбоқир гӯё ба рӯи вай туф кардааст. Баъди ин байни кормандони милиса ва одамони Мамадбоқир занозанӣ сар зада, яке аз кормандони милисаро ҳатто бо табар захмӣ кардаанд.

Гуфта мешавад, ин видеои рақси Мамадбоқир Мамадбоқиров дар як маъракаи хурсандӣ дар Хоруғ аз ҳамон рӯзи муноқиша аст ва соате пеш аз он ҳодиса сабт шудааст:

Моҳи феврали соли ҷорӣ Мамадбоқир Мамадбоқировро бо аломатҳои заҳролудшавӣ дар Маркази тиббии Оғохон, ки дар маҳаллаи Бархоруғ ҷойгир шудааст, бистарӣ карда буданд.  Наздиконаш бар ин гумон буданд, ки ӯро махсус заҳр доданд, вале як манбаъ аз шифохонаи Оғохон гуфта буд, ки ӯро як вирус аз пой афтондааст.

Мамадбоқир Мамадбоқиров, ки 58 сол дорад, яке аз 7 лидери ғайрирасмии Бадахшон аст, ки мақомоти ҳукумати Тоҷикистон дар тирамоҳи соли 2018 бо онҳо огоҳии вижаеро имзо карданд. Бар асоси он санад, лидерҳои Бадахшон уҳдадор шуданд, ки  аз амалҳое, чун ташкил ва раҳбарии гуруҳҳои ҷиноӣ, даъват ва ҷалби ҷавонон ба бетартибиҳои оммавӣ ва ғасби биноҳои давлатӣ, таҳқири намояндагони давлат, авбошӣ, қочоқи маводи мухаддир, “сходка”, ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ба зидди амнияти давлату ҷомеа, қасдан несту нобуд кардани молу мулк даст мекашанд, вагарна ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашонда хоҳанд шуд. Зери он санад се сол пеш Толиб Айёмбеков, Мамадбоқир Мамадбоқиров, Ёдгор Мамадасламов, Хурсанд Мазоров, Мунаввар Шанбиев, Зоир Раҷабов ва Амриддин Аловатшоев имзо гузошта буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button