ВидеоМуҳоҷирон

ҲУКМИ ЯК ЗАНИ СЕРФАРЗАНД ДАР РУСИЯ БАРОИ КУМАК БА 5 МУҲОҶИРИ ТОҶИК

Додситонии вилояти Новгороди Русия рӯзи 17 ноябр хабар дод, ки додгоҳи ноҳияи Валдай сокинони ноҳияи Марёво Ҷамила Череповетская ва дугонаи ӯ Елена Рибниковаро ду соли шартии зиндон маҳкум кард. Ин ду зан ба он гунаҳкор дониста шуданд, ки ҳаққи падарии 5 фарзанди Ҷамиларо дар ивази пул ба 5 шаҳрванди Тоҷикистон ба таври қалбакӣ ҳуҷҷат карда додаанд, то ки онҳо ба осонӣ битавонанд ҳаққи иқомат дар Русияро ба даст биоранд.  

Бино ба иттилои расмии додситонӣ, додгоҳи ноҳияи Валдай бар асоси талаби намояндаи додситонии ноҳияи Марёво, Ҷамила Череповетскаяв ва Елена Рибниковаро бар асоси қисми дуюми моддаи 322.1 Кодекси ҷиноятии Русия дар ташкили будубоши ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия дар асоси маслиҳати пешакӣ аз тарафи гуруҳи шахсон гунаҳкор шинохт ва ба ду соли шартии зиндон бо якуним сол муҳлати санҷишӣ маҳкум кард.

 “Додгоҳ муайян кард, ки моҳи августи соли 2020 Рибникова ба Череповетская пешниҳод кардааст, ки дар ивази пул ҳаққи падарии 5 фарзандашро ба таври қалбакӣ  ба шаҳрвандони Тоҷикистон диҳад. Аз 13 август то 25 сентябри соли 2020  ҳуҷҷатҳои падарии қалбакӣ барои ҳамаи 5 фарзанди ин зан ба расмият дароварда шуд. Череповетская ва Рибникова барои ин амалҳои худ ҳар дафъа мутаносибан аз 30 то 55 ҳазор рубл ва аз 2 ҳазор то 4500 рубл гирифтаанд. Дар натиҷаи чунин амалҳои ғайриқонунӣ шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозати будубош дар қаламрави Русия ва ҳаққи иқомат ба даст оварданд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи додситонӣ.

Бино ба ин манбаъ, ҳарду зан ба гуноҳи худ пурра иқрор кардаанд. Ҳукми онҳо ҳанӯз ба иҷро надаромадааст ва онҳо метавонанд аз он ба додгоҳи болоӣ шикоят баранд.

Ҳамчунин бо талаби додситон, додгоҳ ҳанӯз моҳи апрели соли 2021 санадҳо дар бораи ҳаққи падарии шаҳрвандони Тоҷикистон ба 5 фарзанди Череповетскаяро ҳам бекор кард.

Муҳоҷирони тоҷик дар Русия барои осон кардани имкони будубош ва кору зиндагии худ дар Русия маҷбур мешаванд аз роҳҳое, чун ақди никоҳи қалбакӣ ваё ҳаққи падарии қалбакӣ истифода баранд. Ҳар моҳ аз Русия дар бораи бекор шудани чандин ақди никоҳи сокинони маҳаллӣ бо муҳоҷирони тоҷик гузоришҳо ба даст мерасанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button