ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ПИЁДАГАРД ДАР РОҲИ ЧИРТАК, ДУЗДИИ ДУ ДВИЖОК ДАР ХУҶАНД ВА 7 САР ЧОРВО ДАР ЁВОН

Рӯзи 16 ноябр як сокини 35-солаи ҷамоати Бурунови ш. Ваҳдат дар роҳи байни деҳаҳои Чиртаку Гирдоб зери чархи мошини «Ҳундай-Портер» монда, дар бемористон ҷон бохтааст.

хххххххххх

Сокини 33-солаи Конибодом  дар Хуҷанд барои дуздии ду движок (генератор)  дастгир шудааст.

ххххххххххх

Ҷавони 19-солаи қаблан ҳам барои дуздӣ судшуда аз ҷамоати Норин ҳамроҳи як ноболиғи 16-сола шаби 8 ноябр аз оғили як сокини Норин 7 сар чорвои хурдро дуздидаанд.

Аз навори хабарҳои рӯзи 17 ноябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ҳалокати пиёдагард бар асари садамаи нақлиётӣ

Рӯзи 16-уми ноябри соли 2021, тахминан соати 18:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Ҳундай-Портер», Мирзоев Бадриддин Файзалиевич, соли таваллудаш 1995, сокини ҷамоати деҳоти Б.Бурунови шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Чиртаки шаҳри Ваҳдат ба самти деҳаи Гирдоби ҷамоати деҳоти Б.Бурунов аз уҳдаи идора кардани автомашина набаромада, пиёдагард Асомиддинов Мансурҷон Рустамович, соли таваллудаш 1986, сокини ҷамоати деҳоти Б.Буруновро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Асомиддинов М.Р. ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Ошкор гардидани ҷиноятҳои дуздӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Хуҷанд бо ариза марди 37-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки аз 11 то 13-уми ноябри соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз таҳхонаи хонаи навсохтааш, воқеъ дар минтақаи 4-уми шаҳри Хуҷанд, 2-адад таҷҳизоти қувваи барқдиҳаки тамғаҳои «ТГР» ва «LIDI»-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини шаҳри Конибодом бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 19-солаи сокини ҷамоати деҳоти Норини ноҳияи Ёвон, ки пеш бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва ноболиғи 16-солаи сокини ҷамоати деҳоти мазкур ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Номбурдагон, шаби 7 ба 8-уми ноябри соли 2021, тахминан соати 03:30-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ вориди оғилхонаи марди 57-солаи сокини ҷамоати деҳоти Норин шуда, аз онҷо 7-сар човои майдаи шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 20 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button