ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

СОКИНИ ЗАФАРОБОД ҲАМСАРАШРО БО РӮЙМОЛ БУҒӢ КАРДА, КУШТААСТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ошкор шудани  боз як куштори бераҳмонаи ҳамсар аз ҷониби шавҳараш ва қасди куштани як зани дигар хабар дод.

Бино ба ин манбаъ, марди 48-солаи сокини шаҳраки Ҳ.Алиеви ноҳияи Зафаробод рӯзи 14-уми ноябри соли 2021, дар ҳуҷраи истиқоматиаш бо ҳамсари 51-солааш муноқиша намуда, бо рӯймоли сараш ӯро бӯғӣ намудааст. Дар натиҷа, ҷабрдида нафасгир шуда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Гумонбаршаванда дастгир ва ба зиддаш бар асоси қисми якуми моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба ӯ аз 8 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Дар ҳамин ҳол, марди 60-солаи сокини ҷамоати Т.Туйчиев дар канори шаҳри Турсунзода ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 14 ноябр, соати 17:30, дар кӯчаи Матқозиев барои супурдани қарзаш омада, ба узвҳои бадани зани 34-солаи сокини Турсунзода, ки аз вай қарз гирифта буд, 7 зарбаи корд задааст.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон  ҳафтаи гузашта аз ошкор шудани се ҷинояти куштори бераҳмонаи хешу табори наздик дар се гӯшаи гуногуни ҷумҳурӣ хабар дода буд.

Рӯзи 9 ноябр, соати 11 дар ҷамоати Дарқади ноҳияи Фархор як келини 31-сола  ба гардани хушдомани 55-солааш ду зарбаи корд  задааст. Хушдоман дар роҳ ба бемористон ҷон додааст.

Ҳамон рӯз, соати 16, сокини 27-солаи ҷамоати Унҷии ноҳияи Ғафуров бо телефон ҳамсари 25-солаашро ба шаҳраки Ғафуров даъват карда, ӯро бо 13 зарбаи корд ҷобаҷо куштааст.

Шаби 17 октябр, соати 22:30, сокини 45-солаи  деҳаи Фароби ҷамоати Куруши ноҳияи Спитамен, ки қаблан барои авбошӣ ва нигоҳ доштани маводи тарканда суд шуда буд,   дар ҷараёни муноқишаи оилавӣ ҳамсари 32-солаашро бо санг ба сараш зада, куштаааст ва сипас бо мақсади пинҳон кардани изи ҷинояташ ҷасади занро ба канали Фарҳод партофтааст.

Вақтҳои охир аз Тоҷикистон дар бораи куштори хешу табори наздик хабарҳои зиёд ба даст мерасанд. Ҷомиашиносон инро ба уфти арзишҳои ахлоқӣ дар ҷомиа, рӯҳониён ба дур шудани мардум аз каломи илоҳӣ ва арзишҳои динӣ  рабт медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button