ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

РУСИЯ ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН ДИЛОВАР ҶӮРАЕВРО ОЗОД КАРД

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 16 ноябр хабар дод, ки мақомоти Русия дар пайи дархости  ҷониби Тоҷикистон шаҳрванди ин кишвар Диловар Ҷӯраевро озод кардаанд ва “вобаста ба масъалаи мазкур миннатдории роҳбарияти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти Прокуратураи генералии Федератсияи Россия барои ҳамкории судманд расонида шуд.”

Дар изҳороти маркази матбуоити Додситонии кул гуфта мешвад: Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯраев Диловар Бобомаҳкамович, санаи таваллудаш 23.05.1969 , ки 8 ноябри соли 2021 дар ҳудуди шаҳри Новосибирски Русия бо дархости истирдодии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Қирғизистон барои гӯё ташкил намудани бетартибиҳои оммавӣ ва авбошӣ дар ҳудуди наздисарҳадӣ ва делимитатсия ношудаи байни ноҳияи Исфараи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон дастгир шуда буд, бо дархости Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳабс озод карда шуд.

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 13 ноябр бо нашри як изҳороти расмӣ дар сомонааш аз додситонии кулли Қирғизистон хоста буд, ки “ба таҷрибаи оғоз кардани парвандаҳои беасоси ҷиноятӣ вобаста ба бетартибиҳои оммавӣдар хатти сарҳад нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон хотима бахшида шавад.”

Додситонии кулли Тоҷикистон аз ҷумла парвандаи шаҳрванди ин кишвар Ҷӯраев Диловар мисол овард ва гуфт, “бо дарназардошти ангезаи сиёсӣ доштани айбномаи болозикр Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 ноябри соли 2021 унвонии Прокуратураи генералии Федератсияи Россия мактуб омода намуда, хоҳиш кардааст, ки дархости ҷониби Қирғизистон бе баррасӣ мононда шуда, шаҳрванд Ҷӯраев Д.Б. аз ҳабс озод карда шавад.”

Муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон баъди муноқишаи мусаллаҳонаи поёни моҳи апрел, ки аз ду тараф 55 кушта ва 240 захмӣ ба ҷо гузошт, даврони пуртанишеро пушти сар мекунад. Қирғизистон аз 22 май, инак қариб ним сол боз марзашро бо Тоҷикистон бо баҳонаи пандемия бастааст, вале мақомоташ пинҳон намекунанд, ки  тасмими бастани марз ба мушкилоти марзӣ  бештар рабт дорад, то ба пандемияи коронавирус.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button