ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲУШДОРИ ҲАВОШИНОСОН: РӮЗҲОИ 17 ВА 18 НОЯБР ДАР ТОҶИКИСТОН БАРФ МЕБОРАД

Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзҳои 17-18 ноябри соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ якуякбора ноустуворшавии вазъи обу ҳаво дар назар буда, боришот (дар водиҳо борон бо гузариш ба барфи тар, дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф), 17 ноябр дар баъзе минтақаҳои вилояти Хатлон ва  Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошиддат ба амал меояд. Ҳарорати рӯзонаи  ҳаво дар водиҳо то 10-120 паст мешавад. Рӯзи 17 ноябр дар ноҳияҳои алоҳида шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 15-20м/с, дар баъзе ҳолатҳо шиддат гирифта то 20-25м/с аз эҳтимол дур набуда, дар вилояти Хатлон тӯфони чангу ғубор ба амал меояд. Рӯзҳои 17-20 ноябр дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд.

Хабари боридани барф дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон лимити шадиди нирӯи барқ  ҷорӣ шуда, аҳолӣ дар шабонарӯз ҳамагӣ чанд соат барқ мегиранд.



17-18 ноябр дар шаҳри Душанбе якуякбора ноустуворшавии вазъи обу ҳаво дар назар буда, борон бо гузариш ба барфи тар, 17 ноябр дар баъзе ҳолатҳо бошиддат ба амал меояд. 17 ноябр шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 10-15м/с дар назар буда, ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 10-120 паст мешавад. Рӯзҳои 17-20 ноябр (тормеғ) туман мефарояд.

17 ноябр дар  минтақаҳои вилояти Хатлон ва  ноҳияҳои тобеи марказ бориши бошиддат ба амал меояд. Ҳарорати рӯзонаи  ҳаво дар водиҳо то 10-12 дараҷа паст мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳида шамол бо шиддати то 13-18 метр дар як сония вазида, дар вилояти Хатлон тӯфони чангу ғубор ба амал меояд. 17-20 ноябр дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд.

17-18 ноябр дар шаҳри Душанбе якбора номусоидшавии вазъи обу ҳаво дар назар буда, бориши борон ва барфи тар пешгӯӣ мешавад. 17 ноябр дар баъзе ҳолатҳо бориши бошиддат ба амал меояд. Шамол бо суръати то 10-15 метр дар як сония  вазида, ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 10-12 дараҷа  паст мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф ба амал меояд.  Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа  хунук, рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.

17-18 ноябр дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, борон ва барф меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6, дар баъзе ноҳияҳо то 7-12 хунук, рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button