ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ДУ СОКИНИ ТЕМУРМАЛИК ДАР САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ДАНҒАРА

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ду садамаи марговар хабар дод, ки 14 ва ноябр дар ҷануби кишвар рӯй додаанд.

Аз ҷумла рӯзи 14-уми ноябри соли 2021, тахминан соати 23:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Дэу-Тико», Сафаров Давлаталӣ Алиевич, соли таваллудаш 2002, сокини ҷамоати деҳоти Л.Қармишеви ноҳияи Темурмалик, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Темурмалик ба самти ноҳияи Данғара, дар ҳудуди мавзеи “Такашон”-и ҷамоати деҳоти И.Шарифи ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии 60-метр чаппа шудааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Сафаров Д.А. ва мусофираш Раҳмонализода Муҳаммадсолеҳ Аъзамхон, соли таваллудаш 2002, сокини ҷамоати деҳоти Л.Қармиеви ноҳияи Темурмалик ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.
Мутаассифона, 15-уми ноябри соли 2021, тахминан соати 12:40-дақиқа, ронандаи атомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Қосимов Фирдавсӣ Маҳмадович, соли таваллудаш 1990, сокини ҷамоати шаҳраки Вахши ноҳияи Вахш, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Вахш ба самти шаҳри Бохтар, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Ризоев Алӣ Наҷибуллоевич, соли таваллудаш 2016, сокини ҷамоати деҳоти Меҳнатободро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагарди ноболиғ Ризоев А.Н. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур таҳқиқот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button