ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

ДОДГОҲИ ОЛӢ 9 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ИЗЗАТ АМОНРО БЕТАҒЙИР БОҚӢ ГУЗОШТ (ВИДЕО)

Маҳмадюсуф Холов, писари Иззат Амон хабар дод, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон 9 сол ҳукми зиндони ин ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷикро бетағйир боқӣ гузошт. Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 19 октябр Иззат Амонро дар қаллобӣ гунаҳкор дониста, ба 9 соли зиндон маҳкум кард. Вале наздикони ин ҳомии ҳуқуқ ҳукми вайро хеле сангин ва барои пардохтношуда боқӣ мондани ҳамагӣ 232 сомонӣ “зарар” аз ҳаққи афв маҳрум кардани Иззат Амонро ноодилона номида, аз Додгоҳи олӣ бозбинии онро тақозо доштанд.  Бисёриҳо ҳукми Иззат Амонро сиёсӣ мешуморанд ва мегӯянд, аксари даъвоҳои “қаллобӣ” ба зидди ӯ ташкилшуда ба назар мерасанд.

Маҳмадюсуф Холов рӯзи 16 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, шикояи онҳо дар Додгоҳи олӣ рӯзи 16 ноябр бидуни ҳузури падараш доир шуд.

“Додрас ҳукмро бетағйир гузошт. Вакили мудофеъ гуфт, ки Додгоҳи Душанбе зерҳимояашро бе далел ба 9 сол зиндон маҳкум кардааст. Дар посух гуфтанд, аз Вазорати корҳои дохилӣ маълумотнома биёред, ки нисбати Иззат Амон парвандаи дигаре кушода шудааст ё не?” –  гуфтааст писари Иззат Амон.

Иззат Амон, ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик, моҳи март аз шаҳрвандии Русия маҳрум гардонда шуда, ба таври мармуз аз Маскав ғайб зад. Рӯзе баъд ВКД Тоҷикистон эътироф кард, ки Иззат Амон дар Душанбе боздошт шудааст ва ба қаллобӣ айбдор мешавад.

19  октябр, дар ҳоле ки интизор мерафт, Иззат Амонро бар асоси афв озод кунанд,  додгоҳи Душанбе пардохт нашудани 232 сомонӣ пули даъвои касеро баҳона карда, ӯро аз имкони афв маҳрум ва ба 9 соли зиндон маҳкум кард.

Ин дар ҳолест, ки бино ба хабарҳо, ҳоло дар Русия, шикори онҳое, ки дар вақташ бо Иззат Амон ҳамкорӣ мекарданд, шурӯъ шудааст.

Маркази тоҷикони шаҳри Маскав, созмоне, ки Иззат Амон то истирдодаш ба Тоҷикистон роҳбарӣ мекард, тақрибан як моҳ боз аз фаъолият бозмондааст.

Ахиран Муҳаммадхон Эгамов, як нафаре, ки соли 2020 бо мошинаш барои ба муҳоҷирони дар пандемия бекормонда расондани кумакҳои ғизоӣ ба Маркази тоҷикон ёрӣ мерасонд, боздошт шуда, дар интизори баррасии парвандаи истирдодаш дар СИЗО №4 дар ноҳияи Медведковои шаҳри Маскав нигоҳ дошта мешавад.

Адвокати шинохта Шуҳрат Қудратов, ки баъди истирдоди Иззат Амон  ба Маркази тоҷикони Маскав раҳбарӣ мекард, ва Суҳроби Ҷаҳон, яке дигар аз ёрони Иззати Амон низ мегӯянд, дар бораи истирдодашон ба Тоҷикистон аз манобеи мувассақ маълумот гирифтаанд.

Чанд нафари дигар аз онҳое, ки бо Иззат Амон дар гузашта ҳамкорӣ доштаанд, низ дар суҳбат  бо “Бомдод” аз дурнамои тираи сарнавишти худ шиква карданд ва гуфтанд, ки ба мулоҳизаҳои бехатарӣ ҳоло худро пинҳон кардаанд ва роҳҳои аз Русия баромадан ва паноҳ бурдан ба кишварҳои амнтарро меҷӯянд.

Иззат Амон 20 апрели соли 1973 дар деҳаи Зафар (маъруф ба Горбаня)-и ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ ба дунё омада, аз ибтидои солҳои 2000-ум дар Маскав ба сар мебурд ва ба ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик машғул буд. Ӯ дар баҳори соли 2020 Маркази тоҷикони Маскавро таъсис дод ва дар моҳҳои аввали пандемия як маъракаи густардаи кумак ба муҳоҷирони бекормондаи тоҷикро ба роҳ андохт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button