ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

“БЕРИЯИ ӮЗБЕК” РУСТАМ ИНОЯТОВ ОХИРИН МАНСАБАШРО АЗ ДАСТ ДОД

Рӯзи 15 ноябр сухангӯи президенти Ӯзбекистон Шерзод Асадов  хабар дод, ки Бахтиёр Исломов мушовири президент оид ба ҳамоҳанг сохтани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва назоратӣ таъйин шудааст. Аз соли 2018 ин мақомро генерал Рустам Иноятов, зодаи деҳаи Пашхурти ноҳияи Шерободи вилояти бо Тоҷикистон ҳамсоя ва аксари аҳолиаш тоҷикзабони Сурхондарё ва мутахассиси забони форсӣ,  ки яке аз пурнуфузтарин шахсон дар Ӯзбекистони пасошӯравӣ ба шумор мерафт, дар даст дошт.

Рустам Иноятов, ки ҳоло 77 сол дорад, аз соли 1995 то 2018 раиси СНБ (Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон), яке аз идораҳои аз ҳама баста ва тарсофари ин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ буд  ва бисёриҳо таъқиботи шадиду саросарии даврони президентии Ислом Каримовро ба номи ӯ рақам мезананд.

Шавкат Мирзиёев, ки баъди марги Каримов ба қудрат расонид, танҳо баъди якуним соли раёсаташ, дар аввали соли 2018 тавонист генерал Иноятовро аз мақоми раҳбарии СНБ барканор ва ба мансаби мушовири президент “бадарға” кунад ва фақат баъди ин бо дили пуртар ва бидуни ташвишу нигаронӣ барномаи ислоҳоташро дар Ӯзбекистон озодонатар амалӣ гардонад.

Сабаби барканории Рустам Иноятов ҳанӯз рӯшан нест, вале рафтани ӯ метавонад ҳамчун нуқтаи таммати давроне талаққӣ шавад, ки дар Ӯзбекистон бидуни иҷозаи ин генерал ва зердастонаш, ба қавли маъруф, ҳатто паша ҳам пар намезад.

Рустам Иноятов 22 июни соли 1944 дар деҳаи Пашхурти ноҳияи Шерободи вилояти Сурхондарё дар ҷануби Ӯзбекистон ба дунё омада, соли 1968 риштаи забони форсии Донишгоҳи Тошкандро хатм кардааст. Ӯ ба 4 забон: ӯзбекӣ, форсӣ, русӣ ва англисӣ балад буда, баъди хатми донишгоҳ ба хидмати ҳарбӣ рафт ва ҳангоми хидмат ба кор ба КГБ даъват шуд. Ӯ аз соли 1976, яъне ҳанӯз то ҳуҷуми СССР ба Афғонистон,  то соли 1981 дар сафорати Шӯравӣ дар Кобул  ба ҳайси гӯё “дипломат” кор мекард, вале дар асл гумоштаи КГБ дар ин сафорат будааст.

Рустам Иноятов баъди мустақил шудани Ӯзбекистон муовини раиси СНБ таъйин шуд ва соли 1995 дар раҳбарии ин идора Ғулом Алиевро иваз кард.

Радиои  Озодлик менависад, бино бар бархе маълумот, Ислом Каримов ба Рустам Иноятов дар пайи амалиёти вижа барои боздошти Шуҳратулло Носиров, маъруф ба Шуҳрати Домбрабодӣ, раҳбари пурнуфузи як гуруҳи ҷиноятӣ, ки кораш дуздии мошинҳо буд, таваҷҷуҳ кард.

Иноятов соли 1996 рутбаи генерал-лейтенант ва соли 1999, баъди таркишҳои Тошканд, ки ба мавҷи нави таъқиботи оммавӣ дар Ӯзбекистон оғоз гузошт, рутбаи генерал-полковник гирифт.

Зайниддин Аскаров, яке аз афроди муттаҳам ба таркишҳои Тошканд, иддао дошт, ки ин таркишҳоро худи СНБ ташкил кард, то барои таъқиботи саросарӣ ва таҳкими режими худкомаи Каримов баҳона шавад.

Рустам Иноятов аз соли 1999 то 2020  разбарии Федератсияи тенниси Ӯзбекистонро ҳам ба дӯш дошт ва ҳатто як мусобиқаи байналмилалии теннис ном Ҷоми президенти Ӯзбекистонро бо ним миллион доллар ҷоизаро ҳам ташкил карда буд.

Иноятов баъди саркӯби эътирозҳои Андиҷон дар моҳи майи соли 2005 ҳамроҳ бо вазирони вақти корҳои дохила ва дифои Ӯзбекистон Зокир Алматов ва Қодир Ғуломов барои нақшашон дар қатли эътирозгарон таҳти таҳримотии Иттиҳоди Аврупо қарор гирифта буд.

Иноятов 31 январи соли 2018, баъди 23 соли раҳбарӣ бар хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон бо фармони президент Мирзиёев аз ин мақом барканор  гардид. Вале нуфузи ӯ ба ҳадде буд, ки ҳатто баъди барканориаш барои пурра ба ҳошия рондани Иноятов ҷуръат накарданд ва вай  билофосила мушовири президент ва узви Сенат шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button