ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳ

БА ТОҶИКИСТОН БОЗ 369 ҲАЗОР ВОЯ ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУС ОВАРДАНД

Шаби 14 ноябр ва субҳи 15 ноябр ба Тоҷикистон ҳамчун кумаки башардӯстона аз хориҷ 369 ҳазор вояи ваксинаҳои АстраЗенека ва Пфайзер ворид карда шуд. Ба ин тартиб,  шумораи вояҳои ваксинаи зидди коронавирус, ки Тоҷикистон аз хориҷ ҳамчун кумак гирифтааст, аз 6 миллион гузашт. Аз ин  6 миллион вояи ваксинаи ҳамчун кумак дарёфткардаи Тоҷикистон 2,8 миллионашро Хитой ва қариб 2 миллионашро Амрико додааст.  

Бино ба иттилои вазорати тандурустӣ, шаби 14 ноябр 192 ҳазор ваксинаи АстраЗенекаро ба Тоҷикистон тавассути барномаи КОВАХ, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бо мақсади дастрасии одилонаи ҳамаи кишварҳо ба ваксинаҳои зидди коронавирус таъсис додааст, ироа шуда, 117 ҳазор вояи ваксинаи Пфайзерро Агентии рушди байналмилалии Амрико туҳфа кард ва субҳи 15 ноябр Латвия низ ҳамчун кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон 60 ҳазор вояи ваксинаи АстраЗенека фиристод.

Сафорати Амрико гуфт, 117 ҳазор вояи ваксинаи Пфайзер, ки Агентии рушди байналмилалии Амрико (ЮСАИД) шаби 14 ноябр ба Тоҷикистон овард, бахши аввал аз 198 900 вояи ваксинаест, ки ҳамчун кумак ба Тоҷистон дода мешавад.

“Боқимонда 81 900 воя ваксина ин ҳафта интиқол дода мешавад. Ин кумак ба иловаи 325 260 вояи ваксинаи Пфайзер, ки моҳи сентябр расонида шуд, ва 1,5 миллион вояи ваксинаи Модерна аст, ки дар моҳи июли соли 2021 ба Тоҷикистон расонида шудааст”, гуфт сафорати Амрико. Баъди ба Тоҷикистон расондани 81 900 вояи боқимондаи ваксинаи Пфайзер ҷамъи вояҳои ваксинаҳои зидди коронавирус, ки Амрико ба Тоҷикистон ҳамчун кумак ироа кард, аз 2 миллион мегузарад.  Амрико таъмини кишварҳои ҷаҳон бо 1,1 миллиард вояи ваксинаи зидди коронавирусро ба уҳда гирифтааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button