ВидеоТоҷикистонҶомеа

ТАФСИЛОТИ ХУДКУШИИ ЗАФАР ҶАЛОЛОВ ДАР ФУРУДГОҲИ ДУШАНБЕ

Ҷасади Зафар Ҷалолов, корманди Хадамоти амнияти авиатсионии фурудгоҳи Душанберо, ки субҳи якшанбе, 14 ноябр дар ҷои кораш дар фурудгоҳ худкушӣ кард, нимаи дуюми рӯзи 14 ноябр ба хок супоридаанд. Прокуратураи нақлиёт дар робита ба худкушии ин корманди фурудгоҳ парвандаи ҷиноятӣ кушодааст ва тафтиши ҳодиса идома дорад.

Ба гуфтаи манбаи аз ҷараёни қазия огоҳи пойгоҳи хабарии “Бомдод”, ҷасадро қабл аз супоридан ба пайвандонаш ташхиси судию тиббӣ кардаанд ва натиҷаҳои ин ташхис нимаи дуюми рӯзи 15 ноябр бояд маълум шавад. Ин манбаъ афзуд, ҳангоми ташхис дар чанд ҷои бадани Зафар Ҷалолов, аз ҷумла дар рони пояш захмҳое мушоҳида шудааст ва гӯё чанде пеш бо як зан муноқиша ҳам доштааст. Вале ҳанӯз рӯшан нест, ки ин захмҳо ва он муноқиша ба худкушии ин ҷавон рабте доранд ё на?

Иллати худкушии ин корманди Хадамоти авиатсионии фурудгоҳ норӯшан боқӣ мемонад. Дар маъмурияти фурудгоҳи Душанбе ба мушкили маош рабт доштани худкушии Зафар Ҷалоловро рад мекунанд. Дар фурудгоҳ ба “Бомдод” гуфтанд, ки Зафар Ҷалолов қарзи маош надошт. “Дар санадҳои муҳосиботӣ нишон дода шудааст, ки тамоми маошҳои ӯ пардохт шудаанд ва ӯ ҳатто маоши моҳи октябрашро аз корти бонкии худ холӣ накардааст”, – гуфтанд дар фурудгоҳ.  Мегӯянд, вақте ҷасади Зафар Ҷалоловро аз ҳалқаи дор мефароварданд, ҳамёнашро ҳам аз паҳлуяш ёфтанд, ки пур аз пул будааст.

 Зафар Ҷалолов субҳи барвақти 14 ноябр баъди анҷоми басти кориаш наҳорӣ карда, намозҳояшро хондааст ва сипас худро дар манораи сӯхторхомӯшкунӣ (пожарная вышка) дар тарафи терминали боркашонӣ бо сим ба дор кашидааст.

Зафар Ҷалолов, ба гуфтаи ҳамсуҳбатони “Бомдод”, 29 сол дошт, на 25 сол, ки қаблан гуфта мешуд. Ӯ дар ҳақиқат то ҳол издивоҷ накарда будааст. Як манбаи “Бомдод” қаблан гуфта буд, ки қарор буд, ӯ ба наздикӣ бо духтари дӯстдоштааш издивоҷ кунад, вале ин орзуро ба гӯр бурд.

Зафар Ҷалолов аз як хонаводаи зиёӣ аз ноҳияи Восеъ буда, дар маҳаллаи Чимтеппа дар канори пойхта хонаю дари обод доштааст. Ӯ  бародарзодаи полковники амният Шодибек Ҷалолов (Ҷалолзода) буд ва дар вақти роҳбарии Хадамоти амнияти авиатсиониро ба дӯш доштани полковник Ҷалолов ба кор омада, аввал ронандаи амакаш буд.  Баъди аз вазифа рафтани амакаш, Зафар Ҷалолов дар Хадамоти амнияти авиатсионӣ монд.

Ин бори аввал нест, ки кормандони фурудгоҳи Душанбе дар ҷои кор худкушӣ мекунанд.

Шерафган Хоҷақулов, як корманди фурудгоҳи байналмилалии Душанбе25 октябри соли 2020 дар ҷои кораш худкушӣ карда буд. Ба гуфтаи наздиконаш, Шерафган Хоҷақулов ба нишони эътироз ба моҳҳо нагирифтани маош худро бо таппончаи хидматӣ паррондааст.

Ҷамшед Давлатов, тағои Шерафган Хоҷақулов, он вақт гуфт, хоҳарзодааш 9 моҳ боз маош нагирифта буд ва соати 13-и рӯзи 26 октябр, дақиқае чанд пеш аз худро паррондан  ба бародараш паёмак фиристодааст, ки “омада, мурдаи маро аз фурудгоҳ баред”.

Ба гуфтаи наздиконаш, Шерафган Хоҷақулов аз пули хонае, ки иҷора менишаст, 14 ҳазор сомонӣ қарздор  шуда буд ва соҳибхона талаб кардааст, ки хонаро холӣ кунад. Ба гуфтаи наздиконаш, Шерафган ҳамон рӯз бо талаби маош ба маъмурият муроҷиат кардааст, вале вақте маошашро намедиҳанд, ба нишони эътироз худро мепарронад.
Дар фурудгоҳи Душанбе то пандемия тақрибан 1500 нафар кор мекард. Дар давраи пандемия як бахши бузурги коргарони фурудгоҳро ба рухсатии бемузд фиристоданд, вале аз баҳори имсол бо шурӯи дигарбораи парвозҳо ба Русия кор дар фурудгоҳи Душанбе ҳам аз нав авҷ гирифт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button