ВарзишВидео

ТАБРЕЗШОҲ ПАРПИШОЕВ ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН СОҲИБИ МЕДАЛИ БИРИНҶӢ ШУД

Рӯзи 14 ноябр, дар рӯзи сеюм ва ниҳоии чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон Табрезшоҳ Парпишоев дар мусобиқоти самбои размӣ дар вазни 79 кило ба гирифтани ҷои сеюм ва медали биринҷӣ сазовор шуд. Парпишоев дар нимфинал аз варзишгари тими мизбон Фурқат Рӯзиев мағлуб гардид.
Ба ин тартиб, тими мунтахаби самбои Тоҷикистон аз  чемпионати ҷаҳон бо се медал – 1 тилло, 1 нуқра, 1 биринҷӣ –  баргашт. Ёдовар мешавем, чемпионҳо 4000 доллар барандагони медали нуқра 3000 доллар ва барандагони медали биринҷӣ 2000 доллар ҷоиза гирифтанд.
Тавре қаблан хабар додем, рӯзи 12 ноябр, дар рӯзи аввали рақобатҳо, дар самбои варзишӣ Акмалиддин Каримов  дар вазни то 58кг ба гирифтани медали тилло ва Хушқадам Хусравов (-64кг) ба гирифтани медали нуқра мушарраф шуданд.

Акмалиддин Каримов панҷумин паҳлавони тоҷик аст, ки баъди соли 1991 дар гуштини самбо соҳиби унвони чемпиони ҷаҳон шудаанд. Соли 2005 Сайриддин Икромов, соли 2009 Эраҷ Раҳимов дар самбои размӣ, соли 2017 Беҳрӯз Хоҷазода ва соли 2018 Хушқадам Хусравов дар самбои варзишӣ чемпиони ҷаҳон шуда буданд. Соли 1974 Саймӯмин Раҳимов ба намояндагӣ аз СССР соҳиби унвони қаҳрамони ҷаҳон шуда буд.

Бино ба иттилои сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, паҳлавонони тоҷик аз соли 1993 дар чемпионати ҷаҳон иштирок мекунанд ва то имрӯз 48 медал – 5 тилло, 16 нуқра, 27 биринҷӣ – ба даст овардаанд. Тоҷикистонро  дар чемпионати ҷаҳон 13 варзишгар намояндагӣ мекард. Аз Тоҷикистон барои иштирок дар ин чемпионат 14 нафар номнавис шуда буд, вале Бобохон Мирзозодаро, ки мебоист дар вазни то 58 кило дар мусобиқоти самбои размӣ рақобат кунад, як рӯз қабл аз сафари Тошканд “облава” карда, ба хидмати ҳарбӣ бурданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button