ВидеоМуҳоҷиронФарҳанг

МАНИЖА БА ШАВҲАР МЕБАРОЯД

Овозхони зодаи Тоҷикистон Манижа Сангин, ки  имсол дар озмуни муътабари «Евровидение 2021» дар шаҳри Роттердами Ҳолланд аз Русия намояндагӣ кард, хабар додааст, ки ба шавҳар мебарояд. Овозхон ҳанӯз тобистони имсол аз марди дӯстдоштааш пешниҳоди издивҷ гирифтааст, вале дар ин бора тоза акнун дар барномаи «Хотираҳо» дар Instagram, ки ба корбарон ба ёд овардани як рӯзи тобистони худро пешниҳод мекунад, хабар дод.

Ман гуфтам, ки ҳа“, — навиштааст Манижа бо нашри аксе, ки дар он  дар ангушташ ангуштарини никоҳӣ андохтааст.

Манижа исми домодро ошкор накардааст, вале расонаҳои русӣ хабар доданд, ки ӯ коргардон ва клипсоз Ладо Кватания аст. Бино ба гузоришҳо, ин ҷуфт аз баҳори соли ҷорӣ бо ҳам робита доштанд ва маъракаи фотеҳаашон ҳанӯз тобистон баргузор шудааст. Ладо Кватания муаллифи консепсияи шунарнамоии Манижа дар “Евровидение” бо таронаи “Russian Woman”  буд ва барои дастгирии овозхон ба Ҳолланд ҳам омад.

Манижа дар озмуни “Евровидение”  соҳиби ҷои 9-ум шуд ва гуфт, аз ин ифтихор мекунад.

Интихоби Манижа  ба ҳайси намояндаи Русия дар озмуни “Евровидение” дар он кишвар мавҷи вокунишҳои манфӣ, аз ҷумла аз ҷониби бархе шахсиятҳои шинохтаро ба вуҷуд овард. Бадбинон худи инро, ки Русияро дар озмуни асосии мусиқии Аврупо як зодаи Тоҷикистон намояндагӣ мекунад, зери шубҳа гузоштанд. Манижа Сангин дар посух гуфт, муносибати бадбинона ба пирӯзии ӯ  ҳамчун як нафари зодаи Тоҷикистон нишон медиҳад, ки мушкили миллатгароӣ ва бегонабадбинӣ дар Русия дар сатҳи ҷиддӣ вуҷуд дорад.

Дар аввали моҳи апрел президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як суханрониаш аз Манижа пуштибонӣ кард ва гуфт, “Манижаро бинед, ҳамаро саргардон кардааст. Бисёриҳо як духтари тоҷикро дида натавонистанд.” Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз Манижа ситоиш кард, ки ҳамеша ба тоҷик ва аз Тоҷикистон будани худ таъкид мекунад: “Аҳсан барои он ки аз тоҷикияти худ даст намекашад ва ҳамеша мегӯяд, ки ман тоҷик ҳастам, дар Тоҷикистон ба дунё омадаам.”

Манижа Сангин (Манижа Далеровна Ҳамроева) соли 1991 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ набераи Тоҷӣ Усмон, яке аз нависандагони машҳури тоҷик аст. Манижа се сол дошт, ки оилаи онҳо аз Душанбе ба Маскав кӯчид. Манижа дар Маскав дар мактаби миёна муддате дарси фортепиано хонд ва баъдан риштаи равоншиносии РГГУ-ро хатм кард.

Манижа соли 2007 бо тахаллуси Ру.Кола ба ҳунарнамоӣ оғоз кард ва таронаи аввалинаш юо ном «Пренебрегаю» овозхони он замони навраси зодаи Тоҷикистонро дар саросари Русия машҳур кард. Соли 2008 Манижа нахустин албомашро бо ҳамин номи «Пренебрегаю» ба бозор даровард.

Манижа баъди чанде аз тарҳи Ру.Кола хориҷ шуд ва бо номи худаш ба ҳунарнамоӣ давом дод.

Модари Манижа – Наҷиба Усмонова аз рӯи касб равоншинос аст. Ӯ ҳоло дар Маскав ширкати дизайни либос бо номи «Modardesigns»-ро мечархонад ва либосҳои Манижа барои иштирок дар консерту клипҳоро низ модараш медӯзад.

Падари Манижа Далер Ҳамроев табиб буда, аз модараш ҷудо шудааст. Манижа 5 бародару хоҳар дорад. Яке аз хоҳарони ӯ – Мӯниса Усмонова хабарнигори шабакаи якуми телевизионии Русия (Первый канал) мебошад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Салом! Лутфан, пеш аз навиштани баъзе сарлавҳа каме фикр кунед! Манижа ба шавҳар мебароядро хондаму фикр кардам болои сари шавҳараш баромада бошад! О, издивоҷ мекунад, шавҳар мекунад ва дигарон ҳаст-ку!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button