ДУЗДИИ 48 ТОННА АНГИШТ ДАР ҲАДИШАҲР, 2 ҚОЛИН ДАР ПОЙТАХТ ВА 2 МОШИН ДАР КОНИБОДОМ

6 сокини ҷамоати Иван Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба он гумонбар мешаванд, ки рӯзи 3 ноябр аз хирманҳои ҳудуди маҳаллаи Ҳадишаҳр 48 тонна ангиштро дуздидаанд.
ххххххххххххх
Сокини 27-солаи ҷамоати Айнии ноҳияи Варзоб ба он гумонбар мешавад, ки соати яки шаби 31 октябр аз таҳхонаи манзили як зани 49-солаи сокини ноҳияи Сино ду қолини арзишашон 25 ҳазор сомониро дуздидааст.
хххххххххххх
Ҷавони 25-солаи қаблан ҳам барои дуздию мошинрабоӣ судшуда аз ҷамоати Э.Шарифови шаҳри Конибодом ба он гумонбар мешавад, ки рӯзҳои 9 ва 10 ноябр ду мошини “Дэу-Сиело”-ро бе мақсади тасарруф фақат барои саворӣ кардан рабудааст. Ба ӯ боз ҳукми зиндон таҳдид мекунад.
Аз навори хабарҳои рӯзи 15 ноябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон
Ошкор гардидани ҷиноятҳои дуздӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 49-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 31-уми октябри соли 2021, тахминан соати 01:20-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди таҳхонаи манзили истиқоматиаш шуда, аз онҷо 2-адад қолинро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 25 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Варзоб бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи Мастчоҳ мактуби роҳбарияти ҶДММ «Қудрат-2010» ворид гардидааст, ки 3-юми ноябри соли 2021, аз хирманҳои ҳудуди маҳаллаи Ҳадишаҳри ноҳияи мазкур шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба миқдори умумӣ 48-тонна ангиштро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 27 ҳазору 840 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия 6 нафар мардони аз 25 то 34-солаи сокинони ҷамоати деҳоти И.Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ду маротиба ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаҳои нақлиёт бидуни мақсади тасарруф
Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини ҷамоати деҳоти Э.Шарифови шаҳри Конибодом, ки пеш бо моддаҳои 252 ва 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст бо гумони ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобил ё дигар воситаҳои нақлиёт бидуни мақсади тасарруф дастгир карда шуд.
Номбурда, 10-уми ноябри соли 2021, тахминан соати 21:30-дақиқа, аз маҳаллаи Ҷавонии шаҳри мазкур автомашинаи тамғаи «ДЭУ-СИЕЛО», ки ба марди 48-солаи сокини ҳамин ноҳия тааллуқ дорад, ғайриқонунӣ ҳай карда бурдааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 252 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин, номбурда бо ҳамин роҳ 9-уми ноябри соли 2021, тахминан соати 13:30-дақиқа, аз назди яке аз биноҳои маҳаллаи Ҷавонии шаҳри Конибодом автомашинаи тамғаи «ДЭУ-СИЕЛО», ки ба марди 26-солаи сокини ҷамоати деҳоти Пӯлотон тааллуқ дорад, ғайриқонунӣ ҳай карда бурдааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 252 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.