ВидеоМуҳоҷирон

БОЗДОШТИ 22 МУҲОҶИР ДАР ПАЙИ ЗАНОЗАНИИ ЯК ТОҶИК БО ЯК ӮЗБЕК ДАР ПЕТЕРБУРГ

Дар пайи занозании ду нафар дар як ошхонаи воқеъ дар базаи меваю сабзавоти “Софийская база”  дар шаҳри Санкт Петербурги Русия 22 муҳоҷирро дастгир карда, ба шуъбаҳои пулиси ноҳияи Фрунзе бурдаанд.

Шоми 14 ноябр як мард ба пулис занг зада, хабар додааст, ки дар ҳудуди “Софийская база”, воқеъ дар кӯчаи Софийская, №91, ягон 20 муҳоҷир занозанӣ доранд. 

 Вақте кормандони пулис ба ҷои ҳодиса омаданд, маълум шуд, ки дар ошхона як ҷавони тоҷик бо як ӯзбек занозанӣ кардааст. Бо ин вуҷуд, пулис 22 нафарро ба шуъбаҳои пулис бурда, 8 нафари онҳоро боздошт кардааст. Аз он 7 нафараш шаҳрвандони Ӯзбекистон ва синну солашон аз 22 то 60  буда, нисбат ба ин 7 нафар бо иттиҳоми вайрон кардани қоидаҳои будубош дар Русия протоколи маъмурӣ тартиб додаанд. Ба онҳо акнун ҷарима ба маблағи аз 5 то 7 ҳазор рубл ва эҳтимоли ихроҷ аз Русия бо манъи вуруд ба ин кишвар таҳдид мекунад. Нафари ҳаштуми дастгиршуда як ҷавони  28-солаи зодаи Тоҷикистон бо шаҳрвандии Русия будааст. Ба ӯ барои латтукӯби шаҳрванди Ӯзбекистон то 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ ваё корҳои ҷамъиятӣ таҳдид мекунад.

Дар “Софийская база”, яке аз бузургтарин бозорҳои фурӯши умдаи меваю сабзавот ва хушкмева дар Санкт Петербург  садҳо нафар аз Тоҷикистону Ӯзбекистон кор мекунанд. Як бахши онҳо дар инҷо ба тиҷорат машғуланд, гуруҳи дигар ба рӯбучин ва боркашӣ ва бақия дар соҳаи хидматрасонӣ– ба ҳайси таксирон, ошпаз ва ғайра.

Муҳоҷирони тоҷик хабар доданд, ки рӯзи 15 ноябр дар пайи занозании ахир кормандони пулис дар дохили “Софийская база” мегаштанд ва асноди муҳоҷиронро тафтиш мекарданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button