ВидеоМуҳоҷиронНомаҳо ба президентҲуқуқи инсон

ВИДЕО: МУРОҶИАТИ 18 МУҲОҶИРБАЧАИ ТОҶИК АЗ АРХАНГЕЛСК: МОРО АЗ ҒУЛОМӢ НАҶОТ ДИҲЕД!

Як гуруҳи муҳоҷирони тоҷик, иборат аз 18 нафар бо ирсоли як видео ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” шикоят карданд, ки онҳоро ҳанӯз рӯзи 3 июл бо ваъдаи 40 ҳазор рубл маош  аз Тоҷикистон Далер Шарипов ном сокини Хуҷанд ба Русия, ба шаҳри Архангелск овард ва онҳо 4 моҳ дар як сохтмон дар кӯчаи Полина Осипенко, бинои №6 бепул кор карданд. Ин сохтмонро ширкати “ПрогрессСтрой” бар уҳда доштааст.

Дар видео, ки рӯзи 26 октябр сабт шудааст, коргарони тоҷик дида мешаванд, ки бо вуҷуди заминро пӯшондани қабати ғафси барф (Архангелск дар шимоли Русия ҷойгир шудааст) дар тан либоси тунук кор карда истодаанд. Гӯяндаи навор мегӯяд, ба онҳо дар ин 4 моҳи корашон нафақат маоши ваъдагиро надоданд, балки ҳоло боз 1 миллиону 200 ҳазор рубл қарздорашон кардаанд.

Яке аз ин муҳоҷирони фиребхӯрда дар суҳбат бо “Бомдод” гуфт, тибқи тавофуқ онҳоро бо ҷои хобу хӯроки бепул бояд таъмин мекарданд ва ҳар моҳ 40 ҳазор рубл маош медоданд. Ӯ афзуд: “Вале дар ин 4 моҳ мо, 18 нафар, дар маҷмӯъ ҳамагӣ 120 ҳазор рубл пул гирифтем, ки ба ҳисоби миёна сари ҳар кадомамон 7 ҳазор рубл ҳам намешавад.  Ба болои ин, як нафар бо номи Собир худро роҳбари диаспораи тоҷикони Архангелск муаррифӣ карда, гуфт, ки гӯё мо баъди 4 моҳи кори бепуламон боз аз вайҳо барои патенту хӯрду хӯроку ҷои хобу дигару дигараш 1 миллиону 200 ҳазор рубл қарздор шудаем. Мо маҷбур шудем, ки аз онҷо гурезем. Вале онҳо ба мо таҳдид карда истодаанд. Ахиран як нафар аз Тоҷикистон зангамон зад ва таҳдид кард, ки ягон видео накунед, ки масъалаатон безеб мешавад…”

Ҳамсуҳбати “Бомдод” гуфт, ин 4 моҳро дар чунин шароити ғуломӣ чӣ гуна паси сар карданд, фақат худашон медонанду Худо: “Гоҳе вақт шуд, ки гурусна ҳам хоб рафтем, касе намонд, ки қарз накарда бошем. Собиру Далерро пурсидем, ки о мо 4 моҳ кор кардем, пуламон куҷост? Мегӯянд, 1 миллиону 200 ҳазори дигар бояд бидиҳед, баъд қарзи билету патенту ҷои хобу хӯрокатон буд мешавад. Ин агар ғуломӣ нест, пас чист?”

Ин муҳоҷирони тоҷик аз сафорати Тоҷикистон дар Русия, намояндагонии муҳоҷирати Тоҷикистон ва раҳбарони созмонҳои тоҷикони Русия хоҳишу илтиҷо доранд, ки онҳоро аз банди ғуломӣ ва таъқиби Собиру Далер наҷот диҳанд.

Баъди фирори мардикорони тоҷик, Собиру Далер телефонҳояшонро куштаанд ва ба идораи “Бомдод” муяссар нашуд, ки бо онҳо тамос бигирад ва фикрашонро дар бораи ин моҷаро пурсад.

Далер Шарипов

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button