ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ВИДЕО: ДАР ДУШАНБЕ ҲОТ-ДОГИ 30-МЕТРА ТАЙЁР КАРДАНД

Рӯзи 13 ноябр ошпазҳои ширкати “Покиза”, ки ба таҳияи маводи хӯрокворӣ машғул аст, дар назди Китобхонаи миллӣ дар маркази шаҳри Душанбе ҳамчун маъракаи тарғиботи маҳсулоташ ва ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳасиб (сосиски), ки 13 ноябр таҷлил мешудааст, ҳот-доги дарозиаш 30 метрро тайёр карданд. Ин ширкат аз пеш дар саҳифааш дар Фейсбук эълон дода буд, ки маъракаи таҳияи ҳот-доги рекордӣ ва хӯрданаш аз соати 10 то 17 тӯл мекашад. Ширкат ваъда дода буд, ки мардумро ҳот-доги чунон хуштаъме интизор аст, ки бӯяш ҳамаро ба майдони пушти ҳайкали Исмоили Сомонӣ хоҳад овард.

Ширкати “Покиза” гуфт, тамоми пуле, ки аз ҳисоби фурӯши ин ҳот-доги рекордӣ ба даст меояд, ба созмони хайрияи “Нури Фирдавс (доброта)” хоҳанд дод.

 Чанде пеш дар ҷашнвораи палав дар пойтахти Тоҷикистон ошпазҳо дар як дег қариб 3 тонна ош тайёр карда буданд. Гуфта мешуд, ки барои пухтани ин оши рекордӣ ошпазҳо аз ҷумла 800 кг биринҷ, 170 литр равған, 270 кг гӯшт, як тонна сабзии реза, 150 кг пиёз, 30 кг намак, 8 кг зира, 30 кг кишмиши ошӣ, 8 кг лимӯ, 250 кг тухми бедона, 8 кг сирпиёз, 8 кг қазӣ, 8 кг гӯшти хушккардашударо истифода  кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button