ВидеоМуҳоҷирон

“МК”: ЧОР МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР СӮХТОР ДАР ВИЛОЯТИ МАСКАВ ҲАЛОК ШУДАНД

Бар асари сӯхтор дар кӯчаи Прибрежнаяи шаҳри Солнечногорск 4 нафар ба ҳалокат расида, ду нафари дигар маҷруҳ шудаанд, – хабар дод рӯзи 13 ноябр додситонии вилояти Маскав. Бино ба иттилои ин идора, тафтиши сабабҳо ва ҷузъиёти ин сӯхтори пурқурбонии субҳи шанбе ба додситонии Солнечногорск супурда шудааст.

 Идораи МЧС вилояти Маскав  хабар дод, ки масоҳати сӯхтор 200 метри мураббаъро фаро гирифта, сӯхторро то соати 11:40 асосан ва соати 15:40 комилан хомӯш кардаанд.

Хабарнигори “МК”  хабар дод, ки сӯхтор соати 10 дар хобгоҳи коргарони сохтмони як иншоти аҳамияти федералӣ оғоз ёфта, ҳамаи қурбониён: ҳам 4 коргари ҳалокшуда ва ҳам ду нафари маҷрӯҳ муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон будаанд, ки баъди бозгашт аз басти корӣ дар қабати дуюми хобгоҳ истироҳат мекарданд.

Бино ба фарзияи муқаддамотӣ сабаби сӯхтор эҳтимолан генератори гармидиҳандае шудааст, ки коргарон дар қабати якуми бино дар ҳолати фурӯзон монда рафтаанд. Ба иттилои “МК”, коргарон дар рӯи он ҷӯробу либосҳои худро хушк мекарданд.

 “Соати ҳашти субҳ коргарон аз басти дуюм баргашта, дар қабати дуюми бино хоб рафтаанд. Вале коргароне, ки шаб дар қабати якуми бино зобида буданд, генератореро, ки дар рӯи он либосҳоеро, ки аз болои либоси корӣ мепӯшиданд, хушк мекарданд, фурӯзон монда рафтаанд. Наздики соати даҳи субҳ сӯхтор сар зад ва чор коргар, зодагони Тоҷикистон ба ҳалокат расида, ду нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Пои яке аз онҳо ҳангоми наҷот аз оташ осеб дидааст. Ҳамроҳи вай тарҷумонашон ҳам ба беморхона рафт, чунки ба вай ҳам ёрии табибон лозим шуд: марди бечора ҳангоми сӯхтор дуди зиёдеро нафас кашидааст”, – навиштааст “МК”.

Бино ба иттилои нашрия, ҳоло масъалаи ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар асоси моддаи 109 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми аз беэҳтиётӣ ба марг расондан баррасӣ шуда истодааст.

МЧС, барои фурӯ нишондани сӯхтор 10 мошин ва 33 сӯхторнишон ҷалб шуда буд.

Кӯчаи Прибрежная дар наздикии кӯли Сенеж ва худи Солнечногорск дар тақрибан 70-километрии шимолу ғарби шаҳри Маскав ҷойгир шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button