ВидеоМуҳоҷирон

ВИДЕОИ ЛАҲЗАИ БОЗДОШТИ ЯК ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ХАРКОВИ УКРАИНА (ВИДЕО)

Департаменти ҷустуҷӯи ҷиноии пулиси миллии Украина  дар Телеграм-каналаш хабар дод, ки як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки бо иттиҳоми терроризм дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт, дар шаҳри Харков дастгир кардаанд. Номи дастгиршуда эълон нашудааст, вале дар видеои нашршуда дида мешавад, ки барои боздошти ӯ нирӯҳои вижаро сафарбар кардаанд.

Гуфта мешавад, шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон 29 сол дошта, аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон барои ташкили гуруҳи ҷиноӣ ва ҷалбу фиристодани шаҳрвандони дигар ба Сурияву Ироқ барои иштирок дар ба ном “ҷиҳод” ҷустуҷӯ мешавад.

Дар видео дида мешавад, ки марди боздоштшуда аз пулиси Укриана сабаби боздошташро мепурсад ва вақте ба вай ҷавоб медиҳанд, ки дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт, ӯ мегӯяд: “Пас фаҳмост…”

Хабаргузории украинии УНН  бо такя ба пулис хабар дод, ки бино ба иттилои фиристодаи мақомоти Тоҷикистон, ин нафар ҳанӯз соли 2013 ба саффи ду созмони террористӣ пайваста, баъди чанд сол ҳамақидаҳоро худро барои ба ном “ҷиҳод” ба Сурияву Ироқ фиристоданӣ шудааст, вале онҳоро дар роҳ ба Ховари Миёна дастгир кардаанд.

Шаҳрванди Тоҷикистон ҳоло дар яке аз шуъбаҳои пулиси шаҳри Харков нигоҳ дошта шуда, масъалаи истирдодаш ба Тоҷикистон дар дасти баррасӣ қарор дорад. Дар Тоҷикистон ба ӯ то 12 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. ИН ХАБАР ТӮҲМАТИ ОШКОРО АСТ. ПЕШ АЗ ОНКИ ЯК ХАБАРРО НАШР КУНӢ АВВАЛ ТАҲҚИҚ БИКУН, КИ ОЁ ХАБАР РОСТ АСТ Ё ДУРӮҒ. АЗ АЛЛОҲ БИТАРСЕД. ФАРДО ДАР ҚИЁМАТ БА ҲАМАИ ГУФТАҲОЯТОН ҶАВОБ МЕДИҲЕД

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button