ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

СЕ АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: МОШИНРО БО ТАНОБУ ҒАРҒАРА АЗ КАНАЛИ ВАРЗОБ БАРОВАРДАНД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки дастаи наҷотдиҳандагонаш рӯзи 11 ноябр аз канали дериватсионии нирӯгоҳи Варзоб як мошини сабукрави тамғаи “Musso”-ро бо истифода кран берун овардаанд.

Гуфта мешавад, рӯзи панҷшанбе ба қисми навбатдории Кумита хабар расид, ки як мошини тамғаи «Musso», ки аз шаҳри Хуҷанд ба самти Душанбе равон буд, дар километри 8-уми роҳи Душанбе-Варзоб ба об сарозер шудааст.

Наҷотдиҳандагони Кумита фавран ба ҷойи ҳодиса расида, мошинро аввал бо симтаноб бастанд ва сипас бо ёрии ғарғара оҳиста-оҳиста аз об боло кардаанд. 

Хушбахтона, дар ин ҳодисаи нохуш касе осеб надид. Ронанда худ мустақилона тавонист аз дохили мошин берун шавад ва худро солим ба соҳил расонад”, – гуфта мешавад дар хабар.

КҲФ аз ронандагон хостааст, ки ҳангоми сафар қоидаҳои бехатариро риоя намоянд, суръати ҳаракатро боло набаранд ва ҷони худу ҳамроҳон ва роҳгузаронро ба хатар наяндозанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button