ВидеоНомаҳо ба президентТоҷикистонҲуқуқи инсон

ҶАЗОДИҲИИ ТОҶИКӢ: АЗ МАНСАБ ГИРИФТАНД ВА МАНСАБИ БАЛАНДТАР ДОДАНД…

Аз дастикам 4 роҳбари мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки дар аввали моҳи ноябр бо талаби президент Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори пойтахт Рустами Эмомалӣ барои пӯшондани парвандаи азобу уқубати Мадина Мамадҷонова аз мансаб озод карданд, якеаш алакай мансаби нав гирифтааст. Ва мансаби хеле баландтар аз оне, ки барканораш карданд…

Бино ба иттилои манобеи муътамади пойгоҳи хабарии “Бомдод”, подполковник Истамзода Машраф, ки тоза дар аввали моҳи ноябр аз мақоми муовини сардори ШВКД-2 ноҳияи Сино бино бар “хунукназарӣ ва саҳлангорӣ дар иҷрои вазифа” барканор карда шуд, ба мақоми … муовини сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд шудааст.

“Подполковник Истамзода нафақат мансаби баландтар гирифт, балки раҳбарияти ВКД ӯро  барои “натиҷаҳои баланд дар фаъолияташ” бо медали “Садоқат”  ҳам сарфароз гардондааст”, – хабар дод як манбаи огоҳи “Бомдод”.

“Ғайри қобили фаҳм аст, вале муттаассифона,  ин хабар рост аст: Машраф Истамзода дар ҳақиқат ба вазифаи баландтар: муовини сардори РВКД вилояти Суғд таъйин шудааст”, – тасдиқ кард ин хабарро дар суҳбат бо “Бомдод” як мақоми баландпояи ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ, ки ба далели ҳассосияти мавзӯъ нашри номашро салоҳ намедонад.

Ёдовар мешавем, Мадина Мамадҷонова, сокини шаҳри Душанбе ва корманди ширкати “Мегафон”, охири моҳи август дар ҳолати беҳушӣ ба беморхона оварда шуд. Ба гуфтаи табибон, ӯро чунон буғӣ карданд, ки чанд муддат ба майнаи сараш ҳаво (кислород) нарафтааст ва дар натиҷа, як қисми мағзи сари Мадина аз кор мондааст. Ин қазия вақте мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт, ки фаъолони ҷомиаи шаҳрвандӣ ба роҳбарони кишвар муроҷиат карданд ва ҷараёни тафтишотро Рустами Эмомалӣ шахсан зери назорати худ гирифт. Рӯзи 2 ноябр бошад президент Эмомалӣ Раҳмон ин мавзӯъро дар ҷаласаи ҳукумат бардошт ва талаб кард, ки тамоми мансабдороне, ки ба коррупсия роҳ дода, пора гирифтанд ва ин парвандаро пӯшонданд, ба ҷавобгарӣ кашонда шаванд.

Таҳқиқоти баъдӣ маълум кард, ки мақомоти ноҳияи Сино моҳи сентябр аъмоли гумонбаршавандаи асосӣ: Азиза Давлатова, ҳамсари қонунии Парвиз (Лутфулло) Давлатов,  як мақоми баландпояи ширкати “Мегафон” ва дӯстписари Мадинаро  ба қонуни афв “туғрӣ” кунонда, кушодани парвандаи ҷиноятӣ ба зидди ӯро рад кардаанд.

Дар натиҷа, 4 мақоми баландпояи ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи ин ноҳия: сардори ШВКД-2 ноҳияи Сино Зафар Исмоилзода, муовини аввали додситони ноҳияи Сино  Сӯҳроб Салимзода, муовини сардори ШВКД-2 ноҳияи Сино Машраф Истамзода ва подполковник Шукур Раҳимов, муовини сардори шуъбаи тафтишоти ШВКД-2 ноҳияи Сино, ки то расондан ба марҳалаи афв муфаттиши нахустини қазияи азобу уқубати Мадина Мамадҷонова будааст, барои нақшашон дар пӯшондани парвандаи Мадина аз мансабҳояшон барканор карда шуданд.

Манобеи “Бомдод” мегӯянд, ба мансаби хеле баландтар расидани Истамзода нишон медиҳад, ки барканоршудаҳои дигар ҳам метавонанд хеле зуд ба сари дег баргарданд.

“Зафар Исмоилзода ҳам ҳоло дар ихтиёри кадрҳо қарор дорад ва барояш ягон мақоми нав меҷӯянд. Сӯҳроб Салимзода- ку, тавре медонем, соли 2018 низ бо ҷурми коррупсия аз мақоми муовини додситони ҳарбии гарнизони Суғд барканор шуда буд. Вале баъди чанде ба мақоми муовини аввали прокурори ноҳияи Сино расид. Ба зудӣ хоҳем дид, ки киштии Салимзода ва дигар мансабдорони барои пӯшондани парвандаи Мадина барканоршуда дар кадом мансабҳои наве лангар хоҳанд партофт. Тоҷикистон аст инҷо!” – гуфт бо киноя яке аз ҳамсуҳбатони “Бомдод” дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

Машраф Истамзода зодаи деҳаи Некноти Панҷакент буда, қабл аз таъйин шуданаш ба мақоми муовини сардори ШВКД-2 ноҳияи Сино, чандин сол дар Исфара ва сипас дар мақоми сардори бахши кофтукови ҷиноии раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд кор кардааст. Номи ӯ як дафъа соли 2013 дар робита ба қазияи марги мармузи узви ҲНИТ Усмон Тоҷиев, ки бино ба фарзияи расмӣ, гӯё худро аз қабати сеюми бинои шуъбаи милисаи шаҳри Исфара ба замин партофта, расонаӣ шуда буд. Бори дигар моҳи декабри соли 2019 Нилуфар Раҷабова, духтари сиёсатмадори зиндонӣ Раҳматуллоҳи Раҷаб, ки дар қатори чанд зани дигар барои ҳиҷоб пӯшидан дар кӯча дастгир гардида, ба ШВКД-2 ноҳияи Сино оварда шуд, Истамзодаро айбдор кард, ки баъди фаҳмидани духтари кӣ буданаш, ӯро таҳқир ва ҳатто таҳдид ба таҷовуз кардааст. Аммо он вақт мақомоти ВКД худи Раҷабоваро гунаҳкор карда, гуфтанд, кормандони милисаи Сино нисбат ба ӯ ба ҳеҷ қонуншиканӣ роҳ надодаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button